Нозирони роҳро барои "ришваситонӣ" аз хориҷиён аз кор ронданд. ВИДЕО

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб бозпурсии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ин минтақаро, ки дар як навори видеоӣ пулгириашон аз сайёҳонони хориҷӣ сабт шуда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, оғоз кардааст.

Зоҳиран видеои сайёҳи хориҷӣ мақомоти Тоҷикистонро, ки барои ҷалби ҷаҳонгардон талоши зиёд ба харҷ медиҳанд, ҳиҷолатзада мекунад.

Як манбаъ аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб рӯзи 1-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд корманди милиса, ки дар он навор дида мешуд, ба оҷонсӣ даъват шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, баъди пурсуҷӯ ва гирифтани баёнот маълум шуд, ки дар ин кор ду корманди Бозрасии автомобилии минтақаи Кӯлоб бо номи Саидшоҳ ва Меҳровар, даст доштаанд.

"Дирӯз баъди пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дохиливу хориҷӣ, мо тамоми кормандонеро, ки дар он навор дида мешуданд, даъват кардем ва баёноташонро гирифтем. Дар ин кор ду корманди Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб даст доштаанд -- яке Саидшоҳ ва дигаре Меҳровар. Ҳоло нисбати ин амал тафтиш шурӯъ шудааст",-гуфт манбаъ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рафтори милисаи тоҷик сайёҳи хориҷиро озурда кард

Аз Раёсати Бозрасиии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб хабари бозпурсии ин ду корманд аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки нисбати ин амал аллакай санҷиш шурӯъ шуда, ин ду нафар аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардиданд.

Абдусаттор Искандарзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб рӯзи 1-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди пахши ин навор ду корманде, ки ба ин кор даст зада буданд, аз вазифа сабӯкдуш шуданд ва аз сӯи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи минтақаи Кӯлоб санҷиш шурӯъ шудааст. Ӯ афзуд, ки бинобар омодагиҳо ба сафари кории президенти кишвар ба ноҳияи Данғара, аз рафти санҷиш ҳоло огоҳӣ надорад.

"Ин ҳодиса як соли пеш рух дода будааст, нав ба интернет роҳ ёфт. Мо ҳама вақт бачаҳоро ҳар субҳ пеш аз кор баромадан мефаҳмондем, ки бо тамоми сокинон хуб муомила кунанд, аммо ин ҳодиса чигуна рух додааст, мо низ ҳайрон шудем. Ҳоло ҳардуяшро дирӯз аз кор озод карданд ва ба ба идораи коррупсия даъват шуда буданд, санҷиш аллакай оғоз шудааст" ,-гуфт мусоҳиби мо.

Муаллифи ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ Миҳай Сикаи 34-сола аз Руминия мебошад, ки моҳи июли соли 2017 бо як дӯсташ ба Помиру Душанбе омад. Видеоеро, ки ӯ нашр кард, нишон медиҳад, чӣ гуна баъди гуфтугӯи тӯлонӣ як миқдор пулро дар курсии пеши мошини нозирони роҳ мегузорад ва асабонӣ ба самти мотосиклаш бармегардад. Ба қавли сайёҳи руминӣ, онҳо аз Русияву Муғулистону Қазоқистону Қирғизистон ҳам гузаштанд ва фақат дар Тоҷикистон ба чунин бархӯрд рӯ ба рӯ шудаанд. Радиои Озодӣ бо ӯ рӯзи 30-уми май сӯҳбат кард ва рӯзи 31-уми май гузоришеро бо видеои ӯ нашр кард.

Навори пулситонии ду корманди Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб аз сайёҳонӣ хориҷӣ дар ҳоле ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", эълон кардааст.