Додситонии ноҳияи Ёвон таҳқиқи қазияи пурсарусадои худкушии хонандаи як мактаби ин ноҳияро шурӯъ кардааст. Саидакбар Мӯсоев, хонандаи синфи 8-уми мактаби рақами 62 дар деҳаи Сариқамиши ноҳия, рӯзи 18-уми май баъди бозгашт аз мактаб дар манзили зисташон худро ба дор овехтааст.
Сабаби худкушии наврас ҳоло дақиқ нест, вале ба гуфтаи хонандаҳои мактаб ва сокинони деҳ, он рӯз Саидакбар дар яке аз дарсҳо "гӯшмол" шуда буд. Ба нақли хонандаҳо, Саидакбар дар дарси таърих пас аз як луқмапартоӣ хашми муаллими навро, ки як ҳафта пеш барои кор ба ин мактаб омадааст, меорад ва дар натиҷа омӯзгор аз гӯшаш кашида, наврасро аз синф берун мекунад.
Бино ба иттилои расмӣ, дар 3 соли ахир 6 ҳазор омӯзгор барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба додгоҳ кашида шудаанд.
Раҳбарияти мактаб ва шӯъбаи маорифи ноҳия ҳоло аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, санҷиши додситонӣ сабаби худкуширо муайян хоҳад кард. Раҳматулло Зубайдуллоев, сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодисае, ки дар мактаби рақами 62 ба вуқӯъ пайваст, аз тарафи додситонии ноҳия санҷиш мешавад ва рафти тафтишот муайян мекунад, ки сабаби худкушии наврас чӣ аст".
Ҳоло омӯзгорону хонандагони мактаб аз ҷониби додситонӣ бозпурсӣ ва ҳодиса таҳқиқ мешаванд. Як намояндаи додситонии ноҳияи Ёвон рӯзи 24-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ "гӯшмол" шудани Саидакбарро дар мактаб тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳоло дақиқ нест, ин омил боиси худкушии ӯ шудааст ё чизи дигар. Чун ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, дар пурсишҳои ибтидоӣ маъум шудааст, ки хонанда аз омӯзгор узр пурсида, дубора ба дарс роҳ дода шудааст.
Сару садоҳо дар бораи худкушии хонандаи синфи 8 дар Ёвон пас аз баҳсу сарзаниш шудан аз сӯйи омӯзгор дар ҳолест, ки ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, як омӯзгори 26-соларо барои латту кӯб ва муносибати бераҳмона бо хонанда 5 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
Дар хабаре, ки Додгоҳи Фирдавсӣ ҳафтаи гузашта нашр кард, исми муаллима ва номи мактаб нашр нашудааст, вале гуфта шудааст, муаллимаи фанни забону адабиёт дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фирдавсӣ моҳи октябри соли 2017 барои ҳозир нашудан дар дарс хонандаро латту кӯб кардааст. "Ба зери чашми хонандае, ки дар дарс ширкат надоштааст, бо як зарба мезанад ва баъдан аз мӯйи сарашро кашида бори дигар ба пушти гарданаш мезанад. Дар натиҷаи латту кӯби муаллима, ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ мебардорад", - гуфта мешуд дар ин хабар.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бино ба иттилои расмӣ, дар 3 соли охир шаш ҳазор омӯзгор барои иҷро накардани масъулиятҳои худ ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба додгоҳ кашида шудаанд. Дақиқ нест, ки чӣ теъдод аз ин омӯзгорон барои латту кӯб ё паст задани шаъну шарафи хонанда ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, аммо шикоятҳо аз сӯйи волидон дар мавриди берун шудани омӯзгорон аз ӯҳдадориҳои худ дар муносибат бо хонанда кам нест.
Се сол пеш, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асламшоҳ Султоншоев, муаллими риёзиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзиширо барои "гӯшмол"-и шогирдаш 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд. Лаҳзаҳои "гӯшмол" додани шогирд аз ҷониби ин устод наворбардорӣ шуда, дар шабакаи Ютюб нашр шуда буд.
Ба ҷавобгарӣ каши шудани омӯзгорон ва шикояти волидон аз муносибати нодуруст ва ҳатто аз зӯроварии нисбат ба наврасон дар ҳолест, ки омӯзгорон аз мушкил шудани тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқи онҳо нигаронӣ доранд, ки дар бархе маврид омӯзгорон асабӣ ва маҷбур ба танбеҳ додан мекунанд. Омӯзгорон дар бисёре аз маворид волидонро дар бемасъулиятӣ гунаҳкор мекунанд.
Лола Авезова, муовини директор оид ба таълим дар мактаби рақами 24 -и пойтахт мегӯяд, аксаран кӯдакон бидуни ягон омодагӣ ва дер ба дарс ҳозир мешаванд. "Вақте хонанда ба хона рафта мегӯяд, имрӯз муаллим маро танбеҳ дод, падару модар намепурсад, кӣ барои чӣ? Аз асли воқеа огоҳ нашуда, волидон бо ҷанг ба назди муаллим меоянд. Охир муаллим барои ояндаи фарзанди онҳшо талош мекунад. Аз 42 нафар хонанда дар синфи ман, фақат 1 нафар падар омада назорат мекунад. Боқӣ аз пайи таҳсили фарзанд нестанд."
Ин омӯзгор, бо таассуф аз поин рафтани қадри омӯзгори имрӯз пеши хонандаҳо таъкид мекунад. "Муаллими пеш қадру обрӯи зиёд дошт, мо агар аз дур муаллимро медидем, пинҳон мешудем. Ҳозир ҳамин хел замоне шудааст, ки муаллимро дар роҳрав хонанда бо китфаш зада меравад."
Дар ҳар сурат, ба гуфтаи волидон ва бархе аз омӯзорони собиқадор, даст бардоштан ба хонанда ва лату куби амали ғайриқонунӣ аст. Ба таъкиди омӯзгорони собиқадор, муаллимони ҷавону навкор, ки аз психологияи кӯдак ва шеваи муносибати дуруст бо хонандаҳо огоҳ нестанд, дар ҳолати асабоният ба кӯдакон бархӯрди нодуруст мекунанд ё ҳатто аз зӯроварӣ истифода мебаранд.
Лола Авезова, муовини раҳбари мактаби рақами 24 дар пойтахт мегӯяд, дониши омӯзгори имрӯз бояд чанд баробар аз кӯдакон боло бошад. Ба таъкиди ӯ, кӯдакону наврасон имрӯз хеле огоҳанд ва омӯзгор танҳо бо дониш ва дарёфти роҳу усули ҷолиб метавонад диққати онҳоро ба дарси худ ҷалб кунад.
Бархе аз омӯзгорон ҳам мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба зиёд шудани хабарҳо аз худкушии наврасон, онҳо баръакс дар муносибат бо хонандаҳо хеле эҳтиёткор шудаанд. Омӯзгори як мактаби миёна мегӯяд, онҳо ҳатто агар кӯдак дар дарс бетаваҷҷӯҳӣ ва халал ворид созад ҳам, ҳоло дигар метарсанд танбеҳ диҳанд ё сарзаниш кунанд.
Тибқи модаи 51-и Қонун "Дар бораи маориф" омӯзгор ӯҳдадор аст нисбати таълимгирандагон аз амалҳои зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ кор нагирад.