Шаҳноза ба хусураш: "Ба хотири тифли думоҳаам накушед"

Шаҳноза Абдураззоқова. Аксро хонаводааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Додситонии ноҳияи Ховалинг нисбат ба марде, ки дар қатли келинаш гумонбар мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Сафар Носиров, сокини 55-солаи деҳаи Садбаргои ноҳияи Ховалинг, ба он муттаҳам аст, ки рӯзи 18-уми майи имсол Шаҳноза Абдураззоқова, арӯси 28-солаи хонаводаро бо роҳӣ буғӣ кардан ба ҳалокат расонд. Ин зан ду соли пеш ба ин хонавода келин шуда буд ва фарзанди ширхораш думоҳа аст. Санҷиши тиббию додгоҳӣ нишон додааст, ки зан дар пайи буғӣ кардани гулӯяш кушта шудааст.

Гирист, ки дигар ба хонаи шавҳар намеравад, чун хусураш ба ӯ таҳдид мекунад. Бо шавҳараш муносибати хуб дошт ва гуфтам, таҳдидҳоро ҷиддӣ нагирад ва ба зиндагиаш идома диҳад. Нахостем, хонавайрон шавад

Хашми хусур аз чӣ буд?

Ин мард дар пурсишҳои ибтидоӣ гуфтааст, келинашро “барои гапгардонӣ ва саркашӣ аз фармонҳояш” ба қатл расондааст.

Масъулони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Сафар Носиров ба куштори келинаш эътироф кардааст. Ӯ ба тафтишот гуфтааст, рӯзи 18-уми май келинаш таппакҳои чида дар оғилхонаро чаппа кард ва хоҳиши ӯ барои дубора дуруст кардани таппакҳоро рад намуд. Ин ҳодиса гӯиё боис ба хашми падарарӯс шудааст.

"Нахостем, ки хонавайрон шавад"

Мард гуфтааст, азбаски арӯси хонадон пайваста чунин корҳоро такрор мекард, ин бор тоқат накард ва ӯро кушт. Манбаъ гуфт, "келинаш гуфтааст, ки ба хотири писари думоҳааш ӯро накушад, вале ин мард дар ҳолати асабонӣ ба ӯ гӯш надодааст. Пас аз содир кардани ҷиноят ба саҳро рафтааст. Вақте ҷасадро ҳамсояҳо пайдо карданд, пулис ӯро дар саҳро боздошт кард."

Пас аз ҳодиса, мақомот тифли думоҳаи Шаҳнозаро ба пайвандонаш дар деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ супурданд.

Пайвандони Шаҳноза мегӯянд, дар гузашта ҳам духтарашон аз муносибати нохуби хусур шикоят дошт, вале ҳарфҳои ӯро касе ҷиддӣ нагирифт. Сӯҳроб Абдураззоқов, бародари бузурги Шаҳноза рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш пас аз таваллуди кӯдак дар хонаашон буд. Қабл аз бозгашт ба хонаи шавҳар ба ӯ ва модараш гуфтааст, ки хусураш борҳо ба ҷонаш таҳдид кардааст ва эҳтимол ӯро бикушад.

“Гирист, ки дигар ба хонаи шавҳар намеравад, чун хусураш ба ӯ таҳдид мекунад. Бо шавҳараш муносибати хуб дошт ва гуфтам, ин таҳдидҳоро ҷиддӣ нагирад ва ба зиндагиаш идома диҳад. Нахостем, ки ӯро хонавайрон кунем. Дар охир гуфтаи хоҳарам рост баромад”, - гуфт ӯ.

Баҳс: Аз рӯймолбандӣ то оби ҷомашӯӣ

Сафар Носиров бо кишоварзӣ машғул буда, солҳои 1990-ум бо гумони қаллобӣ се сол дар зиндон будааст.

Сӯҳроб Абдураззоқов мегӯяд, хусури хоҳараш ба тамоми кору рафтор ва ҳатто либоспӯшии келинаш хӯрдагирӣ мекард. Бастани рӯймоли хурд ва рехтани оби либосҳои шуста боис ба эътирози хусур будааст.

Дар ҳоле ки худи Носиров кушторро эътироф кардааст, наздиконаш иддао доранд, ки ин мард гӯиё бемории рӯҳӣ дорад ва кушторро ҳангоми берун будан аз ақл содир кардааст. Вале мақомоти пулиси Ховалинг ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, ташхис нишон дод, ки ин мард ҳеҷ мушкили рӯҳӣ надорад.

Умед Носирови сисола, писари ин мард ва ҳамсари Шаҳноза рӯзи 23-юми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан падараш бо ҳамсараш мушкил дошт. Умед гуфт, замони содир шудани куштор ӯ дар шаҳри Бохтар қарор дошт ва натавонист аз фоҷеа ҷилавгирӣ кунад. Ба қавли Умед Носиров, хусумати падар бо ҳамсараш баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзе баъди ҷомашӯӣ мағзобаро зери як дарахте рехт. Баъди ин ҳодиса хусур келинашро “бад дид”.

Умед мегӯяд, падараш бемори руҳист

Ба гуфтаи Умед, ӯ ва модараш ҳамеша аз ҳамсараш пуштибонӣ мекарданд, вале эҳсос мешуд, ки падар Шаҳнозаро қабул надорад. Инро Умед ба бемории ба гуфтаи ӯ, рӯҳии падар рабт медиҳад.

“Падари ман кам-кам бемор буд, шабҳо ҳамроҳаш табар гирифта хоб мекард ва мегуфт, “маро касе ғам медиҳад”. Аввал муносибат бо келинаш хуб буд, аммо бо ман як ҷангу ҷанҷол мешуд, дар ҷое пинҳон мешудам, он мегузашт. Ҳамсарам ба ман чизе аз падарам шикоят намекард. Аммо шоҳиди ҷанҷоли онҳо шуда будам”, - гуфт Умед.

Сафар Носиров бо кишоварзӣ машғул буда, солҳои 90-ум бо гумони қаллобӣ се сол дар зиндон будааст.

Ин бори аввал нест, ки дар минтақаи Кӯлоб келин аз сӯи хусур ба таври кушта мешавад. Дар соли 2015 Саид Аҳмадови 55-сола, келини 23-солаашро бо панҷ зарби корд кушта буд. Баъди боздошт ва таҳқиқи ҳодиса додгоҳи минтақаи Кӯлоб Саид Аҳмадови 55-соларо барои қатли келинаш ба муҳлати нуздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳоло Сафар Носиров бар асоси моддаи 104, яъне “одамкушӣ” айбдор мешавад. Дар сурати тасдиқи айб ӯро аз ҳашт то 15 соли зиндон интизор аст.