"Талко Голд" дар Айнӣ корхонаи бузурги коркарди тилло месозад

Дар зудтарин фурсат дар ноҳияи Айнӣ сохтмони корхонаи коркарди маъдани гаронбаҳо оғоз меёбад, ки иқтидораш ҳамсон бо корхонаи коркарди тиллои “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакент мешавад.

Ширкати “Талко Голд”, ки 50 дарсади саҳмияҳояш моли Чин шудааст, масъули ин тарҳ мебошад ва ҳазинаи сохтмони ин корхона 200 миллион доллар гуфта мешавад. Дар корхонае, ки дар наздикии маҳалли конҳои тиллову нақраи Кончочи дар ноҳияи Айнӣ бунёд мешавад, беш аз ҳазор мутахассис ҷойи корӣ хоҳанд ёфт.

Ширкатҳои Чин ба захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла конҳои тилло таваҷҷуҳи хос доранд.

Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Ли Фэн, мудири ширкати “Талко Голд”, ширкати вобаста ба корхонаи алюминийбарории Тоҷикистон мулоқот карда, дар он эълон шуд, ки дар зудтарин фурсат сохтмони ин корхона шурӯъ мешавад.

Ба иттилои маркази матбуотии ҳокимияти вилояти Суғд, қарор шудааст, ки то охири соли 2019 умури сохтмонӣ анҷом ёфта, аввали соли 2020 тавлиди маҳсулот оғоз меёбад. Аз вазорати саноат ва технологияи навини Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан ҷалби мутахассисон ва коргарон барои оғози корҳои сохтмонӣ идома дорад ва дар зудтарин фурсат дар ин бораи иттилои расмӣ пахш хоҳад шуд.

Тарҳе ба бузургии кони тиллоӣ "Зарафшон"

Аммо Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд мегӯяд, ки корҳои омодагӣ барои иҷрои ин тарҳ ниҳоӣ шудааст ва қарор аст тибқи тарҳ ин корхонаи мисли корхонаи тиллобарории “Зарафшон” хеле бузург шавад. Вай афзуд, дар вилояти Суғд, ки аз лиҳози саноати коркарди маъдан дар Тоҷикистон пешрафта дониста мешавад, тасмими сохтмони корхонаи нави муштарак бо Чинро иқдом нек арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вай, ин корхона бо сармояи 200 миллион доллар сохта мешавад ва дар он асосан ҳудуди ҳазор мутахассиси тоҷик ҷойи корӣ ва маоши муносиб хоҳанд ёфт. "Ба ин манзур тасмим шуд, ки Донишкадаи саноати кӯҳкории Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон (собиқ Чкаловск) якҷо бо устодони чинӣ барои ин корхона мутахассисони варзида омода мекунанд",-гуфт Музаффар Юнусов.

Музаффар Юнусов афзуд, ки феълан дар вилояти Суғд корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ ба мисли “Зарафшон”, “Зарнисор” ва “Аперелевка” фаъолият мекунанд, ки бархе аз онҳо бо сармояи ҷониби Чин фаъол шудаанд. Донишкадаи саноати кӯҳкории Тоҷикистон асосан барои бароварда сохтани ниёзҳои ин корхонаҳо мутахассис омода мекунад.

"Танҳо чиниҳо ба кор ҷалб нашаванд..."

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодии тоҷик.

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодии тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми май гуфт, ки Тоҷикистон аз захираҳои ғании маъдан бархӯрдор аст, аммо мутаассифона ба танҳоӣ наметавонад аз онҳо истифода кунад. Ба эътиқоди ҷаноби Исмоилиён, Тоҷикистон феълан барои иҷрои чунин тарҳҳо на зарфияти зеҳнӣ ва на фанниву молӣ дар ихтиёр дорад.

Вай афзуд: “Хуб аст, ки Тоҷикистон муштарак бо ширкатҳои хориҷӣ ба истихроҷу коркарди маъданҳои зеризаминӣ иқдом мекунад. Аммо тарси ман аз он аст, ки ба гунаи тарҳҳои дигари муштарак бо Чин дар ин корхона низ асосан мутахассисони чинӣ ба кор ҷалб мешаванд. Ба умед ҳастам, ки дар қарордоди ниҳоӣ теъдоди дақиқи кормандон аз ҳар ду кишвар мушаххас шуда бошад. Ин нукта бояд ба суди Тоҷикистон бошад”.

Дар гузашта Игор Сатторов, сухангӯи ширкати “Талко” ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “Талко-Голд” - ширкати тавлидкунандаи алюминий дар Тоҷикистон барои оғози истихроҷ ва коркарди конҳои тиллову нуқраи Кончочу, сармоягузор меҷӯяд. Ба иттилои вай, соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар ҳоли бӯҳронӣ ба ширкати алюминийи кишвар конҳои маъданҳои нодир дар ноҳияи Айниро дар ихтиёр гузошта буд.

Ҳамчунин ҳукумати кишвар иҷоза додааст, ки “Талко” барои ҷалби сармояи хориҷӣ то 50 дарсади саҳмияҳои “Талко Голд”-ро дар ихтиёри маблағгузорони хориҷӣ гузорад ва инчунин аз бархе сабукиҳои молиётӣ низ бархӯрдор шавад. Тибқи баровардаҳои муқаддамотии мутахассисон, дар конҳои Кончочу 55 тонна тилло, 44 тонна нуқра, 184 тонна симоб, 268 ҳазор тонна сурма ва 205 ҳазор тонна флюарит, маҳфуз аст. Барои оғози истихроҷи ин маъданҳо ва коркарди онҳо 50 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Таваҷҷуҳи Чин ба захираҳои зерзаминии Тоҷикистон

Ширкатҳои Чин ба захираҳои қаъри замин дар Тоҷикистон аз ҷумла конҳои тилло таваҷҷуҳи хос доранд. То кунун кони тиллои Сайёд дар ноҳияи Ваҳдат, конҳои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғ дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тилои «Зарафшон» ба дасти ширкатҳои чинӣ гузаштаанд. Дар чанд соли ахир Чин ба шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон табдил шуда, ҳар ду кишвар ҳамасола ба беш аз 2 миллиард доллар додугирифт мекунанд.

Феълан Тоҷикистон аз Чин ҳудуди 1,2 миллиард доллар қарздор мебошад. Бештаре аз корхонаҳои муштараки тавлиди семент дар Тоҷикистон бо сармояи Чин сохта шудаанд. Феълан ширкати алюминии Тоҷикистон "Талко" якҷо бо Чин ба сохтмони коргоҳи нави тавлиди алюминий бо сармояи 1,5 миллиардӣ машғул аст ва ҳадаф дорад аз ин кишвар боз ҳудуди 4 миллиарди сармояи дигари ин кишварро ҷалб созад.

Мақомоти Пекин ҳамчунин ба ниҳодҳои қудративу интизомии Тоҷикистон кӯмакҳои фаннӣ ироа карда, баргузории тамринҳои муштаракро ҳадафи худ қарор додааст. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Чин баъд аз соли 2002 тақвият пайдо карданд.