Шаҳбоз Маҷидов, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, як ҷавони замонавӣ аст, аммо фароизи исломро ҳам риоя мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз аз замони мактабхонияш намоз мехонад ва ҳар моҳи Рамазон рӯза мегирад. Вай гуфт, агар рӯза яке аз рукнҳои дини ислом асту гирифтани он фарз, ҳамзамон ба саломатӣ низ фоида дорад.
Бо вуҷуди он, ки Шаҳбоз ҳамеша намоз мехонад ва рӯза мегирад, як ҷавони таҳаммулпазир дар баробари афроди дунявӣ аст. Худи ӯ мегӯяд, ҳамсараш як зани ғайримазҳабист ва ҳеҷ гоҳ ӯро ба доштани рӯза маҷбур накардааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар моҳи Рамазон майли сокинон ба иҷрои рукнҳои динӣ боз ҳам бештар мешавад.
Ин ҳамсӯҳбати мо, ки дар як ниҳоди давлатӣ кор мекунад, мегӯяд, аксари дӯстонаш ҷавонанд ва рӯза медоранд. Ӯ эродгирии бархе аз ҷавонҳои мазҳабӣ ба афроди дунявигаро дахолат ба озодиҳои фардии инсонҳо арзёбӣ мекунад. "Дигарҳоро намедонам, аммо ман фароизи исломро, ки рӯза ва намоз аст, иҷро мекунам. Барои ман муҳим нест, кӣ рӯза мегирад ки не, чун ин хоҳиши ҳар як инсон аст".
Чӣ гуна дар Рамазон ҳамдигарро бояд таҳаммул кард?
Аммо на ҳама ҷавонон мисли Шаҳбоз дар баробари ҳамсолони худ таҳаммулпазир ҳастанд. Вале дар бархе ҳолатҳо зиндагӣ ва эътиқоди мардум аз рӯи одатҳои суннатӣ пеш меравад. Карим, ки худро як ҷавони мазҳабӣ медонад, мегӯяд, бояд фарди мусалмон барои бахшиши гуноҳҳояш дар ин моҳ рӯза дорад ва агар не, ҳадди имкон афроди рӯзадорро эҳтиром кунад.
Манзур аз ин ҳарфҳои Карим, аз нӯшиданиву тановули ғизо худдорӣ кардани ғайрирӯзадорҳо дар назди рӯзадорон аст. Ӯ баръакси Шаҳбоз, ҳамсар ва аҳли хонаводаашро маҷбур кардааст, то рӯза бигиранд ва намози худро панҷ хонанд.
Бархе аз сокинони дигар, ки рӯза нагирифтаанд, мегӯянд, ба ҳар ҳол имсол ба фарқ аз солҳои пеш нигоҳҳои маломатомези атрофиён ба онҳо камтар аст. Дар ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиром ба рӯзадорон зиёд аст ва сокинон тановули ғизоро дар назди афроди рӯзадор қобили кабул намедонанд.
Бар пояи Қонуни асосӣ, Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст, вале 90 дарсади сокинонаш мусалмон ҳастанд. 70 дарсади аҳолии ин кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон ба иҷрои рукнҳои мазҳабӣ ҳам баъди пошхӯрии Шӯравӣ бештару ошкортар шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар асоси назарпурсӣ, 99,5 дарсади ҷавонони тоҷик худро мусалмон дониста ва ҷойгоҳи дини исломро дар зиндагии худ муҳим арзиёбӣ кардаанд. Пурсиши афкори умум муайян кардааст, ки 32 дарсади ҷавонон ва ё ҳар нафари сеюм фароизи дини Ислом, аз ҷумла намозу рӯзаро иҷро мекунанд. Ин пажӯҳишро соли 2017 маркази таҳлилии "Шарқ" анҷом додааст.
Солҳои ахир ҳукумат назоратро аз болои мазҳаб ва рукнҳои он шадидтар кард. Аз ҷумла, либоси миллиро тарғиб карда, ришдорону ҳиҷобпӯшонро зери назорат қарор доданд. Нуфузи рӯҳониёнро дар ҷомеа то ҳадде коҳиш доданд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар моҳи Рамазон майли сокинон ба иҷрои рукнҳои динӣ боз ҳам бештар мешавад.
Як пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам дар хиёбонҳои Душанбе муайян кард, онҳое, ки рӯзадор нестанд, мегӯянд, дар ин моҳ аз гуфтору рафтори бад худдорӣ карда, талош мекунанд, ки кори хайреро анҷом диҳанд. Ин бозгӯӣ он аст, ки меъёрҳои шариати ислом ҳамчунон ба зиндагии мардуми мусулмони кишвар омезиш ёфтааст, ки назорату таблиғоти ҳукумат наметавонад онҳоро якбора аз миён барад.
Оё донишҷӯён аз рафтан ба намози таровеҳ манъ шуданд?
Як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам, ки нахост номаш бурда шавад, 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзадор аст ва зиёд мехост намози таровеҳро дар масҷид хонад. Аммо рӯзи аввали моҳи Рамазон раҳбарияти донишгоҳ ба масъулини хобгоҳ дастур дода, ба донишҷуён таъкид кардаанд, ки даромадан ба хобгоҳ баъд аз соати 20 иҷозат дода намешавад.
Ин таъкиди масъулин дар ҳолест, ки то як рӯзи пеш чунин қоидае дар хобгоҳи донишҷӯён вуҷуд надошт ва онҳо то соати 22 имкони баромаданд ба берунро доштанд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳарчанд сабаби ин таъкиди масъулини хобгоҳ барояшон рушан нест, аммо ба эҳтимоли зиёд раҳбарияти донишгоҳ мехоҳад аз рафтани ҷавонписарон ба намози таровеҳ, ки баъд аз намози хуфтан хонда мешавад, ҷилавгирӣ кунанд.
Ҷавононе мисли ин ҳамсӯҳбати мо дини исломро як бахши муҳими зиндагии худ медонад. Бархе ҳам бо иҷрои рукнҳои дини исломро худро дар ҷомеа як шахси ботақво вонамуд мекунанд.
"Мизони мазҳабишавӣ дар шаҳр рӯ ба рушд даст"
Ҷомеашиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон ба қадри кофӣ муҳофизакор буда, таҳти назорати қавии сарони хонаводаҳо ва раҳбарони рӯҳонӣ қарор дорад ва онҳо пеши роҳи густариши равияҳои навбаромад ва тундрави мазҳабиро дар ҷомеа мегиранд.
Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳлилии "Шарқ" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин назарпурсӣ нишон додааст, ки мизони мазҳабишавӣ на дар деҳот, балки дар шаҳрҳо ва бахусус дар байни ҷавонони шаҳрӣ, аз ҷумла мардуми соҳиби маълумоти олӣ ва даромади миёнаву паст, зиёдтар аст. Ба гуфтаи ӯ, ин пажуҳиш нишон додааст, ки духтарони аз 14 то 19-сола, ба дин гароиши камтар доштаанд.
Рамазони имсол ба нимаи моҳи май рӯзҳои на чандон гарм рост омад. Бино ба пешгӯии ҳавосанҷҳо, ҳарорати ҳаво ҳам дар Тоҷикистон дар ин давра поин меравад ва барои рӯзадорон ҳам шароити сабуктарро фароҳам мекунад. Ба ҷуз афроди мариз ва дар ҳоли сафар, занҳои ҳомиладор ва афроди пиру нотавон ҳам барои рӯза доштан маҷбур нестанд, аммо онҳо муваззафанд, ки барои ҳар рӯзи моҳи Рамазон таоми як каси фақирро муҳайё созанд.