“Истиқлол” аз идомаи мубориза барои Ҷоми AFC маҳрум шуд

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон, ки дар бозии даври охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 аз тими «Алтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони чоркаратаи Туркманистон, бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд.

«Алтин Асир» таҳти раҳбарии сармураббӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев дар бозӣ муқобили “Истиқлол” барои бохти порсола интиқом гирифт.

Ин бозии даври шашуми мусобиқаи гурӯҳи “D” бегоҳи чоршанбе, 16-уми май, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид. Бозӣ бо ҳуҷуми меҳмонон оғоз ёфт. Фурқат Турсунов, ҳамлагари “Алтин Асир”, дар дақиқаи аввали дидор тӯби ба назди дарвоза равонкардаи ҳамдастааш Олтинмурод Аннадуриевро аз масофаи се метр ба дарвоза ворид карда, ҳисобро боз намуд. Голи дувуми меҳмононро Зафар Бобоҷонов дар замони изофии нимаи аввал аз назди хатти дарвоза ба ҳадаф расонд.

Нимаи дувуми бозӣ бо бартарии футболбозони тоҷик гузашт. Ҳамлагари “Истиқлол” Николай Зенко дар дақиқаи 83-юм тӯбро аз масофаи наздик, аз ҷаримагоҳи меҳмонон, вориди дарвоза кард. Дар дақиқаҳои охири бозӣ меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ Дилшод Восиевро аз по афтонданд. Сардовари бозӣ Умар Муборак Ал-Яъқубӣ аз Умон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин намуд. Тӯбро аз пеналтӣ Аҳтам Назаров дар дақиқаи 90+1 ба ҳадаф расонда, ҳисобро баробар кард – 2:2.

Вале дар дақиқаи охирини замони изофӣ ҳуҷуми меҳмонон бо гол анҷомид. Тӯби баргардондаи Никола Стошичро бозигари меҳмонон Михаил Титов ба дарвоза зада, ба “Алтин Асир” пирӯзӣ овард. Ҳарчанд ки футболбозони тоҷик лаҳзаҳои зиёди голзанӣ доштанд, аз онҳо пурсамар истифода карда натавонистанд.

Муҳсин Муҳаммадиев

Бояд гуфт, ки барои аз гурӯҳ баромадан ба “Истиқлол” бо раҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев як қадам монда буд. Барои роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқа “Истиқлол”-ро дар бозии охирин бо қаҳрамони Туркманистон натиҷаи мусовӣ низ қаноатманд мекард. Вале ба “Алтин Асир” барои аз гурӯҳ баромадан дар бозӣ муқобили қаҳрамони Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур буд. «Алтин Асир» таҳти раҳбарии сармураббӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев дар бозӣ муқобили “Истиқлол” барои бохти порсола интиқом гирифт. Қаҳрамони Туркманистон шонси аз гурӯҳ баромаданро то даври охирин нигоҳ дошт ва дар бозии имрӯза пирӯз гардида, ғолиби гурӯҳ шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи «Олой»-и Қирғизистон дар майдони худ аз тими «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Дар ин дидор се гол аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ зада шуд. Ҳисобро бозигари “Олой” Алия Силла дар дақиқаи 17-ум боз кард. Баъди шаш дақиқа голи дувуми мизбононро Ҷоел Кошо ба ҳадаф расонд. Се дақиқа пеш аз танаффус бозигари “Аҳал” Мурод Аннаев ҳисобро тағйир дод. Ҳамдастааш Гуянчмурод Аннақулиев дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 66-ум ҳисобро баробар намуд. Голи севум ва ҳалкунандаро Бегенч Оқмамедов дар замони изофии таъиннамудаи сардовари бозӣ аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври шашуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Алтин Асир” бо 14 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт. “Истиқлол” бо 13 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуд. “Аҳал” бо 7 имтиёз мақоми севумро касб намуд. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён расид. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ – «Алтин Асир» - роҳ ёфт. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.

Дар нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми ин бозӣ доир шуд, Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии «Истиқлол», хеле кӯтоҳ суханронӣ кард. Ӯ гуфт:

-Мо бохтем, ман дигар ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, ҳолам хуб нест. Ин футбол аст. Ҳаёт идома меёбад.

Дар ин нишаст Язгулӣ Хоҷагелдиев, сармураббии «Алтин Асир», аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки дастааш аз гурӯҳ баромад. Ӯ афзуд:

-Мехоҳам ба бачаҳо изҳори сипос намоям, онҳо то охир мубориза бурданд, таслим нашуданд. Мо интизор доштем, ки бозӣ чунин вазнин мегузарад. «Истиқлол» имрӯз бо тӯб бисёртар ҳаракат кард, лаҳзаҳои бештари голзаниро ба вуҷуд овард, вале мо бозиро таҳти назорат гирифтем. Умуман, ман аз бозии дастаамон қаноатмандам. Худо моро барои кӯшишамон мукофотонид. Ин ки мо ба марҳилаи баъдии Ҷоми АФК баромадем, ба назари ман, мунсифона аст.

Ҷоми АFC-2018. Мусобиқаи гурӯҳӣ. Даври 6-ум

«Истиқлол» - «Алтин Асир» - 2:3

Голҳо: Фурқат Турсунов, 1 (0:1). Зафар Бобоҷонов, 45+4 (0:2).Николай Зенко, 83 (1:2). Аҳтам Назаров, 90+1 аз пеналтӣ (2:2).Михаил Титов, 90+6 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Табрези Давлатмир (Нозим Бобоҷонов, 24), Артём Барановский, Давронҷон Эргашев, Михаил Зенко, Муҳаммадҷон Раҳимов (Дилшод Восиев, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Ромиш Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 81), Эҳсони Панҷшанбе.

«Алтин Асир» (Туркманистон): Мамед Оразмуҳаммедов, Зафар Бобоҷонов, Шуҳрат Суюнов, Олтинмурод Аннадурдиев, Мурод Яхшиев, Сердор Аннаоразов, Умедҷон Остонов, Фурқат Турсунов (Михаил Титов, 60), Расул Хоҷаев (Салим Нурмуродов, 82), Сардор Гелдиев, Аннасаҳет Аннасаҳедов (Қурбонгелдӣ Ботиров, 85).

Огоҳонида шуданд: Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Сардор Гелдиев, Мамед Оразмуҳаммедов («Алтин Асир»).

Сардовар: Умар Муборак Ал-Яъқубӣ (Умон).

Нозири бозӣ: Ли Ги Янг (Кореяи Ҷанубӣ).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

16 май. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

«Олой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

"Алтин Асир" (Туркманистон)

6

4

2

0

17-7

14

2

"Истиқлол" (Тоҷикистон)

6

4

1

1

10-7

13

3

"Аҳал" (Туркманистон)

6

2

1

3

8-5

7

4

"Олой" (Қирғизистон)

6

0

0

6

7-23

0