Пас аз як солу се моҳи беҳушӣ Даврон Маҳмадов, муштзани тоҷик, аз шӯъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Кёлни Олмон ба шӯъбаи умумӣ интиқол ёфт. Баъди берун шудан аз кома ӯ тоза падарашро шинохтааст, вале ҳанӯз сӯҳбат намекунад.
Барои гап задан ҳанӯз вақт зарур аст. Гуфтанд, ки кадом мушаки асаб бояд ҷо ба ҷо шавад ва он гоҳ гап мезанад.
Даврон Маҳмадови 26-сола, ки барои мусобиқае дар Ҳолланд дар Олмон тамрин мекард, моҳи марти соли 2017 ҳангоми муштзанӣ ба кома афтод. Ӯ як ҷарроҳии мағзиро низ пушти сар кард.
Алимҷон Маҳмадов, падари муштзан, рӯзи 16-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле ӯро ба Шӯъбаи умумӣ гузаронданд, ки дасту пойи писараш ба ҳаракат даромада, бо чашмонаш ишора кардааст, ки ӯро шинохт.
Ӯ гуфт, писараш чанд моҳи пеш чашмонашро боз карда буд, вале дастонаш ҳаракат намекард ва касеро ҳам намешинохт. Ҳоло бо ишораи чашмонаш ба суоли онҳо посухи тасдиқ ё рад медиҳад. Ба гуфтаи Маҳмадов, табобати писараш анҷом ёфтааст ва танҳо барои пурра барқарор шудани саломатӣ инҷо нигаҳдорӣ мешавад.
“Ҳоло мебинад ва вақте мепурсӣ, бо ишораи чашм ҷавоб медиҳад. Барои гап задан ҳанӯз вақт зарур аст. Гуфтанд, ки кадом мушаки асаб бояд ҷо ба ҷо шавад ва он гоҳ гап мезанад. Дасту по ба ҳаракат даромадааст, онҳоро меҷунбонад. Ҳоло фақат барои ба по хестан табобат мекунем. Аз вазъияти вазнин берун шуд. Барои гап задану роҳ гаштан вақт лозим аст”, - гуфт Маҳмадов.
Падари ин муштзан мегӯяд, писараш орзу дошт, чемпион ё қаҳрамон шавад ва ҳамин орзу ӯро то Аврупо бурд: “Гуфта буд, ки то қаҳрамон шудан меравад ва парчами Тоҷикистонро боло мебардорад. Мо дуо додем, вале насиб набудааст. Ҳоло фақат дуо дорем, ки пурра сиҳҳат шавад. Муҳим шифо ёбад, баъдан метавонад дар самтҳои дигар хидмат кунад.”
Алимҷон Маҳмадов гуфт, ки хароҷоти муолиҷаи писар дар тамоми ин муддат аз ҳисоби хонаводаашон ҷуброн шудааст.
Даврон Маҳмадов то лаҳзаи ба Олмон омадан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тамрин мекард. Ширкати ӯ дар даҳҳо мусобиқаи муштзании Русия сабт шудааст. Даврон дар вазни аз 63 то 66 кило қувваозмоӣ карда, 1 метру 66 сантиметр қад дорад.
Солҳои охир чанде аз варзишгарони тоҷик барои кору зиндагӣ кишварҳои хориҷиро интихоб кардаанд. Бархеи онҳо мегӯянд, ки дар кишварҳои хориҷӣ шароит барои тамрину иштирок дар мусобиқаҳои бузург фароҳам аст ва мехоҳанд, аз ин фурсат истифода кунанд.