Президент дар мулоқоти пеш аз моҳи Рамазон чӣ гуфт?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – гуфт, ки даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик пас аз саркӯби гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз Ироқу Сурия ба Афғонистон “кӯчида”, дар ҳудуди он кишвар ҷобаҷо шудаанд. Ӯ рӯзи 12-уми май дар мулоқоти пеш аз моҳи Рамазон бо аҳли дину зиёиҳо рақами мушаххасеро ба забон наовард, аммо гуфт, дар миёни онҳо ҷангҷӯёни кишварҳои дигари пасошӯравӣ низ ҳастанд.