Генерали амрикоӣ дар Душанбе ба Толибон ҳушдор дод
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Генерал Ҷозеф Вотел – фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ба Толибони Афғонистон паём дод, ки пешниҳоди музокироти сулҳро бипазиранд. "Паёми ман ба Толибон ин аст, ки ҳеҷ гоҳ бо роҳи низомӣ пирӯз намешаванд", - гуфт ӯ рӯзи 11-уми май дар Душанбе.