Мақомҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон аз чӣ гуфтанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 8-ум ва 9 -уми май бо як сафари корӣ дар Кобул пойтахти Афғонистон қарор дошт. Дар ин сафар Ятимов бо Ашраф Ғанӣ, раиси раиси ҷумҳури Афғонистон, Муҳаммад Маъсум Станикзай – сардори раёсати умумии амнияти миллӣ, Баҳром Торуқшоҳ – вазири дифоъ ва Аҳмад Вайс Бармак – вазири корҳои дохилӣ дидору мулоқот дошт.