Дар Душанбе аз ҳуқуқи занони Саудӣ гуфтанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Албакр Файзия, узви Кумисюни таъмини баробарҳуқуқии занон дар Арабистони Саудӣ гуфт, ки қарор аст, то соли 2030 мушкили занону духтарони ин кишвар ҳаллу фасл гардад. Изҳороти хонум Файзия дар нишасте бахшида ба рӯзҳои фарҳангии Арабистони Саудӣ оғози ҳафтаи равон дар Душанбе садо дод. Ба гуфтаи ӯ, се сол қабл беш аз 200 ҳазор зан дар ин кишвар дар идораву созмонҳо кор мекарданд. Ҳоло ин рақам ба ним миллион нафар расидааст. Тафсилотро дар гузориши видеоӣ бибинед.