Боздошти садҳо нафар дар гирдиҳамоии зидди Путин. ВИДЕО

Лаҳзаи боздошти сиёсатмадори мухолифи Кремл Алексей Навалний

Панҷуми май, ду рӯз пеш аз маросими қасамёдкунии Владимир Путин, дар минтақаҳои мухталифи Русия гирдиҳамоии мухолифин бо номи “Ӯ подшоҳи мо нест” баргузор шуд. Бино ба хабарҳо, дар чанд шаҳри Русия садҳо нафар, аз ҷумла раҳбари мухолифон Алексей Навалний, боздошт гардидааст. Нирӯҳои пулис Навалнийро дар яке аз майдонҳои шаҳри Маскав, пас аз чанд лаҳзаи пайвастан ба сафи тазоҳургарон, дастгир карданд.​

Навори боздоштҳо дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти мухолифини Путин дар Маскав

Алексей Навалний, ки дар моҳҳои охир чанд таҷаммӯи эътирозиро алайҳи Путин роҳандозӣ кардааст, барои номзадӣ дар интихоботи моҳи март дар Русия талош дошт. Аммо мақомот бо иттиҳоми инки дар фасоди иқтисодӣ даст дорад, ӯро сабтином нанамуданд.

Вай моҳи апрели имсол тарафдоронашро ба гирдиҳамоӣ дар остонаи савгандёдкунии Владимир Путин даъват кард ва далелашро муқобила бо худкомагӣ номид. Қарор буд, рӯзи шанбе дар 90 шаҳру минтақаи Русия, бо шумули Маскав ва Санкт-Петербург баргузор шавад. Аммо мақомоти бисёре аз шаҳру минтақаҳо ба баргузории ин гирдиҳамоӣ иҷозат надоданд.

​Аз ҷумла, тазоҳурот дар пойтахти Русия бе ризоияти шаҳрдорӣ ҷараён гирифт. Дар додситонии Маскав ба тарафдорони Навалний аз паёмадҳои гирдиҳамоии бидуни иҷоза ҳушдор додаанд.

Нирӯҳои пулис дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Русия тазоҳургаронро ҳалқа гирифта, баъзе аз онҳоро боздошт намуданд. Эътирозгарон бештар бо нидои "Путин - дузд" шиор медоданд.

​Владимир Путини 65-сола дар интихоботи моҳи марти имсол баранда эълон шуд. Вай рӯзи 7-уми май бори чаҳорум ба ҳайси президенти Русия қасам ёд хоҳад кард. Путин бори аввал соли 1999 зимоми қудратро ба даст гирифтааст. Як давра нахуствазири Русия буд.

Дар Ютуб: