Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гузоштани санги мазор ва панҷарапеч кардани атрофи қабрҳоро муҳим донистанд. Баъзеи дигар онро худнамоишдиҳӣ хонданд.
-Шахсан зидди боҳашамат сохтани мақбара ҳастам. Ягон нишона мондан мумкин аст, аммо дар сари гӯре қаср сохтан аз нигоҳи ахлоқӣ ва динӣ дуруст нест;
-Барои дақиқ шудани гӯрҳо ягон нишона монанд, хуб аст;
-Метавонанд пули онҳоро ба кори хайр сарф кунанд. Ба қадри модару падар дар зиндагиашон бирасанд, баъди мурдан мақбара сохтан ҳеҷ маъно надорад;
-Худнамоишдиҳӣ аст;
-Ин кори хайр аст, ягон бадӣ надорад. Зебоӣ аст;
-Бародарам даргузашт. Шароит надоштем ва санги мазоре гузошта натавонистем. Агар бигузоранд, хуб аст, чун нишона аст, хотира аст;
-Мақбара барои одамони бузурге чун шоирони классик, ки дар дили одамон ҷой гирифтаанд, арзанда аст;
-Аз рӯи эҳтиром нишонаву санги мазор мегузоранд;
-Дар пеши дигарон худнамоишдиҳӣ мекунанд;
-Ин кор фақат ба он хотир аст, ки фаромӯш нашаванд, аз ёдҳо нараванд.
Назари Шумо дар ин бора чист? Фикри худро дар зери матлаб бинависед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад