Дар Тоҷикистон кишоварзонро метавон ба ду табақа ҷудо кард – онҳое, ки то як гектар заминро ба иҷора медиҳанд ва онҳое, ки дар ин заминҳо кор мекунанд.
Рофеъ Раҳмонов аз ҷумлаи онҳоест, ки як гектар замин доранд. Ӯ картошкаву пиёз, турбу помидор ва бодиринг парвариш мекунад. Ин деҳқон ҳосили заминашро ба бозор намебарорад, чунки барои таъмини оилаи бузургаш базӯр мерасад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаҳор писару наберааш бо Рофеъ Раҳмонов якҷо зиндагӣ мекунанд. Дигар маҳсулоти рӯзгорро аз ҳисоби фурӯши ду се гове мехарад, ки ҳар сол парвариш мекунад. “Чанд дафъа дору мезанем. Магар ҳамаи ин бе пул мешавад? Беш аз ҳазор сомонӣ андоз месупорам ва 200 сомонӣ пули обро медиҳам”, - гуфт ӯ.
Сабзбаҳор дар замини иҷора кор мекунад. Ӯ мегӯяд, тақрибан дар ҳама ҷо барояшон дастмузди баробар медиҳанд: каме бештар аз ду доллар – дар як рӯз. Ӯ зиндагии худу фарзандонашро аз ҳисоби пуле пеш мебарад, ки шавҳараш аз муҳоҷират мефиристад. Ба гуфтаи Сабзбаҳор, ҳарчанд музди ночиз мегирад, вале аз ин кораш даст кашиданӣ нест.
Тақрибан 75 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд. Бисёре аз мардони қобили кор дар Русия муҳоҷиранд, чунки бо кишоварзӣ оилаи худро таъмин карда наметавонанд. Дар заминҳо асосан занону кӯдакон ва пирон кор мекунанд.
“Ба собуну қанду шакар мерасад. Ба либос намерасад. Рӯз то бегоҳ меҷунбӣ, ҳеҷ чиз намешавад. Ба як халта орд намерасад”, - гуфт ӯ.
Тибқи омори расмӣ, онҳо моҳе ба ҳисоби миёна 60 доллар маош мегиранд. Мақомот ин маблағро барои сокинони деҳот кофӣ медонанд, чун ба гуфтаи онҳо, аксари мардум дар баробари ин чорво ва боғҳои наздиҳавлигӣ доранд. Таҳлилгарон бо ин ақида розӣ нестанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, гуфт, “чанд сол пеш, вақте сабади истеъмолиро барои як нафар муайян кардем, 470 сомонӣ ҳисоб шуд. Аммо давлат онро 177 сомонӣ шумурд. Ин фарқи калон дорад. На бояд ба ин кор мақомдорон машғул шаванд. Чунки онҳо қобили эътимод нестанд. Худи ман умуман ба онҳо бовар надорам.”
Таҳлилгарон мегӯянд, беҳ кардани шароити зиндагӣ дар деҳот чанд роҳ дорад -- таҳияи барномаи махсуси давлатии қарзи бе фоиз барои харидории нуриҳо, таъсиси маҷмааҳои бузурги агротехникӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ. Ба ақидаи онҳо, маблағ барои ин корҳоро метавон аз ҳисоби тақсими дурусти молиёти давлат ба иҷро расонд.