Пашиниён: Инқилоби мо инқилоби софи махмалии арманӣ буд. ВИДЕО

Ҳазорон нафар дар майдони марказии шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон истеъфои нахуствазир Серж Саркиссиёнро таҷлил карданд, ки зери фишори тазоҳуроти афзоянда аз мақомаш даст кашид. Серж Саркиссиён, чанд рӯз пеш дар порлумон ба ҳайси нахуствазир интихоб шуд, як рӯз баъд аз талафи мухолифон барои истеъфо аз мақомаш рафт.

Ӯ дар як баёнияи расмӣ рӯзи 23-уми апрел гуфт, ки ба даъвати Никол Пашиниён, пешвои мухолифони давлат ва тазоҳургарон гӯш медиҳад.

“Дар ин баёния омадааст, Никол Пашиниён ҳақ буд. Ман хато кардам. Вазъи феълӣ чанд роҳи ҳал дорад, вале ман ба ҳеҷ яке аз ин роҳҳо намеравам. Ман мақоми нахуствазири Арманистонро тарк мекунам. Ҳаракатҳои хиёбонӣ ба зидди ман буд ва ман талаби шуморо иҷро мекунам.”

Серж Саркиссиён ва Никол Пашиниён

Серж Саркиссиёнро баъди хатми ду давраи раёсати ҷумҳуриаш дар охири моҳи март, рӯзи 17-уми апрел нахуствазир интихоб карданд. Ба ҷойи ӯ Армен Саркиссиён, рӯзи 9-уми апрел раиси ҷумҳур таъйин шуд. Бар асоси ислоҳоте, ки соли 2015 ба Қонуни асосӣ ворид карданд, раиси ҷумҳур салоҳиятҳои зиёде надорад ва як мақоми умдатан рамзист. Раиси ҳукумат нахуствазир аст ва аз салоҳиятҳои зиёде бархурдор мебошад.

Хабари истеъфои нахуствазири Арманистон чанд соат пас аз он мунташир шуд, ки Никол Пашиниён, раҳбари мухолифони ҳукумати Арманистон як рӯз пас аз боздошт аз сӯи пулиси ин кишвар, озод шуд ва ба назди эътирозгарон дар маркази Ереван баргашт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҷлили истеъфои нахуствазири Арманистон

Ӯ баъдан дар ҳузури мардуми зиёд дар маркази Ереван гуфт, "Шаҳрвандони соҳибифтихори Арманистон, шумо пирӯз шудед." Ӯ гуфт, ки ҳеҷ як кишвари хориҷӣ дар тазоҳуроти онҳо дахолат накардааст ва коре ки онҳо карданд, "инқилоби соф махмалии арманӣ буд."

Пашиниён рӯзи якшанбеи 22-юми апрел пас аз мулоқоти номуваффақ бо Серж Саркиссиён, нахуствазири Арманистон, боздошт шуда буд. Дар ин мулоқоти кӯтоҳ Серж Саркиссиён пас аз он, ки ба дархости барканорӣ аз мақомаш рӯбарӯ шуд, маҳали мулоқотро тарк кард.

Никола Пашиниён, ки аз шахсиятҳои сиёсии мухолифи ҳукумат дар порлумони Арманистон аст, эътирозҳои даҳрӯза дар он кишварро раҳбарӣ кардааст. Эътирозгарон Серж Саркиссиёнро муттаҳам карданд, ки пас аз 10 соли раёсати ҷумҳурӣ, бо қарор гирифтан дар мақоми нахуствазирӣ, ба пайи дар қабзаи худ нигоҳ доштани қудрат дар ин кишвар аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рақсу бозӣ пас аз истеъфои нахуствазири Арманистон

Рӯзи душанбе ҳамчунин эълом шуд, ки даҳҳо тан аз сарбозони артиш ба эътирозгарон пайвастаанд ва дар тазоҳурот иштирок кардаанд. Аммо вазорати дифои Арманистон эълом карда буд, ки бо ин гурӯҳи низомиён бархӯрди сахт хоҳад кард.

Дар робита ба нооромиҳои ахир дар Арманистон Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ибрози нигаронӣ карда, аз истифодаи зӯр дар нисбати эътирозгарон, нигаронӣ карда буд.

Ин созмон ҳамзамон аз ҳуқуқи озодӣ ва эътирозҳои шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҳимоят кард. Амрико ҳам аз тарафҳо хоста буд, ки хештандорӣ нишон дода, аз хушунат парҳез кунанд. Русия ҳам эълон карда буд, қавонин набояд зери по гузошта шавад.