Муҳоҷири тоҷикро барои 15 ҳазор рубл куштанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷасади як муҳоҷири тоҷик, ки дар муноқишаи гурӯҳӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо зарби чанд корд кушта шуд, рӯзи 17-уми апрел дар зодгоҳаш - ноҳияи Кушониён - дафн гардид. Ба қавли шоҳидон, Сайёд Сафархоҷаеви 26-соларо рӯзи 14-уми апрел дар пайи як муноқиша куштаанд. Баҳси ӯ бо гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик бар сари қарз сурат гирифтааст.