Эътироз дар Ереван

Эътирозҳо 13 апрел шурӯъ шуданд. Ин саҳнаи раҳпаймоии тарафдорони мухолифин аз 14 апрел дар Ереван аст 

Акси Серж Саркисян, собиқ президенти Арманистон, ки мехоҳад дар овоздиҳии 17 апрел нахуствазири кишвар шавад, пора шуд. Саркисян ваъда дода буд, ки дигар дар сари қудрат намемонад

Раҳбари эътирозгарон Никол Пашинян мардумро ба раҳпаймоӣ даъват кард 

Ереван, хиёбони Баграмян

Фаъолони мухолифин дар Арманистон рӯзи 16 апрел ба нишони эътироз аз нақшаҳои ба мақоми нахуствазирӣ интихоб шудани Серж Саркисян чандин роҳро дар шаҳри Ереван масдуд карданд.