БОР: "Монеаҳо сармоягузорони эҳтимолиро аз омадан ба Тоҷикистон метарсонад"

Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, рушди иқтисодии Тоҷикистон имсол бар хилофи пешбиниҳои қаблӣ, 6 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ камтар аст. Айни замон ба гуфтаи ин муассисаи молӣ, ки барои ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳам бунёди роҳу иншооти дигар ба Тоҷикистон кӯмак мекунад, мумкин аст, рушди иқтисодии кишвар соли 2019 суръати бештар бигирад.

Коршиносони дохилӣ мегӯянд, арзёбиҳои муассисаҳои байналмилалӣ аз пешбиниҳои ҳукумат фарқи зиёде доранд ва на ҳамеша дурустиашон собит мешавад.

Дар арзёбии тозаи Бонки Осиёии Рушд, аз вазъи иқтисодии кишварҳои минтақа омадааст, ки бад шудани вазъи бонкҳои бузург, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба вазъи кишвар бетаъсир намонд. Ҳарду бонк бо вуҷуди садҳо миллион доллар кӯмаки давлатӣ ҳанӯз ба ҳам худ наомадаанд ва қарори ниҳоӣ дар бораи сарнавишти онҳо қабул нашудааст. Ба навиштаи мутахассисони бонк, маҳз низоми заифи молӣ ва заъфи бонкҳо дар таъмини иқтисод бо сармояи лозим метавонад, сабаби суст шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон аст.

"Бояд сармоягузории хориҷӣ бештар ҷалб шавад"

Прадип Шривастава, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе рӯзи 12-уми апрел дар шарҳи нуктаҳои ин арзёбӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд барои ривоҷу равнақ ёфтани бахши хусусӣ саъй кунанд, ки як ҷузъи калидии иқтисоди ҳар кишвар аст.

шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон аст. Прадип Шривастава, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе.

"Дарёфти қарзҳои бонкӣ барои бахши хусусӣ душвор мебошад. Мақомоти тоҷикро зарур аст низоми бонкии Тоҷикистонро бозбинӣ кунад. Гузашта аз ин, фазои сармоягузорӣ бояд ба таври ҷиддӣ беҳбуд ёбад. Феълан ҳама умедҳо ба сармоягузории дохилӣ равона шудааст, аммо бояд бештар сармоягузорони хориҷиро ҷалб сохт",-гуфт Прадип Шривастава.

Ӯ афзуд, бо беҳбуд ёфтани нишондодҳои тиҷоратии Тоҷикистон, майли сармоягузорони хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба кишвар меафзояд. Фазои сармоягузорӣ дар кишвар бисёр вақт танқид мешавад. Расмиёти зиёд, молиёт ва бахусус ришвахорӣ ва тамаъҷӯӣ аз соҳибкорон ва сармоягузорон аз монеаҳои аслие номида мешаванд, ки сармоягузорони эҳтимолиро аз омадан ба Тоҷикистон метарсонанд.

Интиқод аз "бекорӣ" дар Тоҷикистон

Дар арёзбии Бонки Осиёии Рушд, талошҳои давлати Тоҷикистон барои таъсиси ҷойи кор танқид шудааст. Дар он омадааст, ки бо вуҷуди рушди иқтисодии бештар аз 7 дар сади аз соли 1997 то соли 2016, дар кишвар теъдоди кофии ҷойҳои корӣ офарида нашудааст. Дар ин муддат теъдоди мардуми қобили кор 3 дарсад зиёд шудааст, аммо теъдоди ҷойҳои камтар ба 1 дар сад ҳам нарасида ва фақат 0.7 дар садро ташкил додааст.

Худи мақомоти Тоҷикистон ҳам соли гузашта дар як гузориши вазорати иқтисод эътироф карданд, ки дар чанд соли оянда бояд тақрибан 700 ҳазор ҷойи кори нав биёфаранд, то лашкари азими афзоядаи ҷавононро бо кор таъмин кунанд.

Тафовути арзёбиҳои ҳукумат ва муассисаҳои молии хориҷӣ

Шамсиддин Ҷалолов.

Айни замон, коршиносони дохилӣ мегӯянд, арзёбиҳои муассисаҳои байналмилалӣ аз пешбиниҳои ҳукумат фарқи зиёде доранд ва на ҳамеша дурустиашон собит мешавад. Шамсиддин Ҷалолов, корманди Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисодӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки омилҳои беруние, ки ҳоло ба вуҷуд омадаанд, мумкин аст, ба рушди бештари иқтисодӣ мусоидат кунанд.

“Ҳоло Чин ба шарику сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ин кишвар дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҳеҷ таҳримҳои ғарбӣ вобаста нест. Гузашта аз ин, дар як соли ахир Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қазоқистон даҳҳои шартномаҳои иқтисодӣ имзо кард, ки натиҷаи онҳо ба беҳбуди вазъи иқтисодии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад боис шавад".

Тавсияҳои БОР ба ҳукумати Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд ҳам гуфтааст, мумкин аст, истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон дар ду соли оянда коҳиш ёбад, зеро ҳукумати кишвар бештаре аз маблағҳои будҷаиро ба "Роғун" сарф карда, бахшҳои дигари иқтисоди Тоҷикистон бидуни сармоягузории зарурӣ мемонад.

Сохтмони хати лӯлаи гази Чин-Осиёи Марказӣ, ки ҳам қисме аз он Тоҷикистон мегузарад, барои рушди иқтисод нақш хоҳад дошт. Аммо барои такон додан ба иқтисоди бемори кишвар ба гуфтаи Бонки Осиёии Рушд, кори зиёде ҳаст, ки бояд анҷом дода шавад. Бахусус дар замоне, ки аҳолии қобили кор дар кишвар сол ба сол меафзояд ва Тоҷикистонро зери фишор қарор медиҳад, ки ҷойи кории бештар биёфарад.

"Фоидаи демографӣ ислоҳоти сохториро талаб мекунад, ки рушди иқтисодиро тақвия бахшида, ҷойҳои кории муносиб офарида шавад. Чораҳои иловагӣ барои беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ, аз ҷумла коҳиши ниҳодҳои назоративу давлатӣ, таъсиси низомии бонки солим барои қарз додани бештар, пардохти молиёт зарур аст",- омадааст, дар арзёбии Бонки Осиёии Рушд. Тавсияҳое, ки солҳост ба давлати Тоҷикистон дода мешавад.