Интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон. Номзади аслӣ - Алиев

Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрубон Алиева ҳангоми раъйдиҳӣ дар Боку

Дар Озарбойҷон рӯзи 11-уми апрел интихоботи президентӣ баргузор шуд. Бовар меравад, Илҳом Алиев бори чаҳорум ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвари нафтхез такс хоҳад зад. Интихоботро ҳизбҳои умдаи мухолифон бойкот кардаанд. Аммо пирӯзӣ ба Алиев имкони боз ба мӯҳлати 7 соли дигар дар қудрат монданро фароҳам меорад.

Илҳом Алиеви 56-сола аз соли 2003 боз раҳбарии ин ҷумҳурии иборат аз 10 миллион ҷамъиятро бар ӯҳда дорад.

Созмони Human Rights Watch гуфт, ин овоздиҳӣ ҳеҷ имкони интихобро ба раъйдиҳандагон фароҳам наовард. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки дар раъйдиҳӣ шумори зиёди мардум иштирок карданд ва то соати 3-и рӯз беш аз 60 дарсади аҳолии қобили раъй овоз доданд.

Нотиқ Мамадов, муовини раиси Кумисюни интихоботии Озарбойҷон ворид шудани шикоятҳо дар мавриди тақаллубро рад кард ва гуфт, “ҳамаи гузоришҳо дар ин замина дурӯғ аст”.

Вале як созмони мустақили нозири интихобот наворҳои видеоии овоздиҳӣ дар шаҳри Курдамирро сабт кард, ки дар он дида мешавад, коргарони ҳавзаи раъйдиҳӣ қуттии дорои баргаҳои раъйро бо як қуттии ду баробар пуртари баргаҳо иваз мекунанд. Мухолифон мегӯянд, ҳукумати Илҳом Алиев садои интиқод ва оппозитсияро баста, матбуоту журналистон, фаъолони сиёсиву маданиро таъқиб мекунанд.

Илҳом Алиеви 56-сола аз замони марги падараш дар соли 2003 раҳбарии ин ҷумҳурии иборат аз 10 миллион ҷамъиятро бар ӯҳда дорад.

Рӯзи 5-уми феврал Алиев гуфт, таърихи интихоботро аз 17-уми октябр ба 11-уми апрел мегузаронад, то ба гуфтаи ҳукумат, ихтилофи таърихи баргузории интихоботи парлумонию президентии соли 2025 аз байн бурда шавад. Моҳи декабр дар як тағйирот ба қонуни интихобот рӯзи эълони баргузории раъйдиҳӣ дар кишвар камтар шуда, ҳадди ақал то 60 рӯзро ташкил дод.

Дар баробари исми Илҳом Алиев, дар варақаҳо номи 7 номзади дигар навишта шудааст. Вале Гиорги Гогиа, пажӯҳишгари масоили Қафқоз дар созмони Human Rights Watch натиҷаҳои интихоботро “тағйирнопазир” номид ва гуфт, ки рақибони Алиев ба раъйдиҳандагон интихоби арзишманде дода натавонистанд. Дар як посухи катбиаш ба Радиои Озодӣ ӯ навишт, “раъйдиҳӣ ба эҳтимоли ғолиб хуб идора мешавад”.

Вай гуфт, ҳукумати худкомаи Озарбойҷон барои “пахши мухолифони сиёсӣ, матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош карда”, даҳҳо журналисту блогнавис ва дигар мунтақидони давлатро ба зиндон андохтааст.

Гогиа гуфт, “вақте маълум аст, ки чӣ касе интихоб мешавад, шарикони байналмилалии Озарбойҷон набояд ҳамин тавр президентро бо пирӯзӣ табрик кунанд, балки бо истифода аз фурсат аз ӯ бихоҳанд, ки афроди бегуноҳ зиндонишударо озод кунад”.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷонро нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла дафтари Институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА назорат карданд. Дар як изҳороти рӯзи 29-уми март ин созмон гуфта буд, “интизор надорад, ки интихобот пуррақобат гузарад”.

Интихобот дар шароити бадшавии вазъи иқтисод мегузарад ва норозигии мардум ҳам боло мегирад. Арзиши пули миллӣ – манат дар муқобили доллари амрикоӣ поин рафт. Бахши аъзами содироти Озарбойҷонро даромад аз фурӯши нафт ташкил мекунад ва дар паи поинравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ поинравии нишондодҳои иқтисодӣ мушоҳида шуд. Дар Озарбойҷон мизони таваррум дар ҳоли боло рафтан аст ва бекорӣ аз мушкилоти аслии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.