Усули нави ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Табибони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ҳамакнун ҷарроҳиҳоро тавассути дастгоҳи "криоҷарроҳӣ" (ҷарроҳии яхбандишуда) анҷом медиҳанд. Ин аз навъи ҷарроҳиҳои нодир ва сангин аст, ки олими тоҷик, Саидилҳом Аҳмадзода онро то андозае сабук гардонидааст. Ин таҷҳизот хунравии ҳангоми ҷарроҳиро то чор маротиба коҳиш медиҳад.