"Маҳсулоти Узбекистон ҳам он қадар арзон нест"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо гузашти наздики як моҳ аз боз шудани марзҳову имкони сафари бидуни визаи 30-рӯза ба Узбекистон, ба бозорҳои ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон маҳсулоти сохти узбекӣ ворид мешавад. Тоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳанӯз ҳам анвои ин маҳсулот чандон зиёд нест ва дар оянда эҳтимолан бештар шавад.