Боздошти 16 нафар барои занозанӣ дар Душанбе. ВИДЕО

Ҷавонони муттаҳам ба авбошӣ мошинҳои сари роҳро ҳадаф гирифтаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки мақомоти интизомӣ дар робита ба муноқишаи гурӯҳии камсобиқа дар Душанбе 16 нафарро дастгир кардаанд.

Додситонӣ рӯзи 6-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайти худ гуфт, ки ин 16 нафар ба авбошӣ ва “нобуд кардани амволи ғайр” муттаҳам мешаванд ва айни замон таҳқиқи парвандаи ҷиноии онҳо идома дорад.

Ин ҷавонон рӯзи 28-уми март дар маҳаллаи маъруф ба номи “Гипрозем” дар шаҳри Душанбе ва наздик ба як қароргоҳи сарбозони Русия бо ҳам ҷангу занозанӣ карда, мояи нигаронии сокинони шаҳрак шудаанд.

Тахминан 15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, оромии ҷамъиятро халалдор месозанд.

Азбаски гурӯҳе аз ин ҷавонон ба рӯи худ ниқоб кашида ва бо калтак мусаллаҳ будаанд, сабаби тарсу ҳарос ва изтироби сокинони маҳалла шудаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ду ҷавон Шоҳрух Розиқов ва Наҷибулло Баротов “саркардаҳои авбошӣ” ва ё омилони асосии занозанӣ номида ва гуфтааст, ки ду нафар баъди даъвову занозанӣ бо ҳамдигар дигар рафиқонашонро барои ниқор гирифтан аз ҳамдигар даъват мекунанд ва “муддати тахминан 15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, оромии ҷамъиятро халалдор месозанд.”

Баъди ин ҳам муноқиша поён намеёбад ва соати ҳафтуними шом, Шоҳрух Розиқов, як гурӯҳи ҷавононро барои интиқом гирифтан аз Наҷибулло Баротов ба маҳаллаи Гипрозем ва ё Шаҳраки Ҳарбиён мебарад.

Ба гуфтаи додситонӣ баъзе аз ин ҷавонон дар рӯяшон ниқоб доштаанд ва бо чӯбу, қубур ва арматура мусаллаҳ будаанд. Чун Баротовро пайдо намекунанд, ойинаву шишаҳои чанд мошин аз ҷумла мошини як шаҳрванди Русияро мешикананд ва “тартиботи ҷамъиятиро 20-30 дақиқа дағалона вайрон мекунанд.

Баъди ин ҳодиса сокинони маҳалла ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз дидани ҷавонони ниқобпӯш ба изтироб афтода ва сахт тарсидаанд. Аз ҷумла Дилором, сокини маҳаллаи “Гипрозем” гуфт, “тамоми шаб хоб накардам. Тарсидам. Дар дасташон чӯбу оҳан буд”.

Баъзе аз сокинон гуфтанд, ки хусумати шахсӣ зоҳиран сабаби муноқиша шудааст ва баъзе аз ҷавонон ҳангоми муноқиша “Нест бод бачаҳои Гипрозем” фарёд мезаданд.

Додситонии Тоҷикистон мегӯяд, ки баъзе аз онҳое, ки дар муноқиша ширкат кардаанд, донишҷӯ ҳастанд, аммо синну соли ҳеҷ яке аз онҳо ва сокини кадом маҳал будани муттаҳамон ба авбоширо зикр накардаанд.

Дар Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, ҷанҷолу занозаниҳои гурӯҳиро бо ҳассосият қабул мекунанд ва зоҳиран муттаҳамон ба авбоширо ҷазои сахте интизор аст. Агарчӣ дар гузашта дар пойтахти Тоҷикистон занозании гурӯҳӣ байни ҷавонон ва бахусус ноболиғон дида шудааст, аммо зарар расондан ба моликияти ҷамъиятӣ ва он ҳам ошкор, ҳодисаи бесобиқа аст.

Нақли шоҳидони ҳодисаро инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти 6 нафар пас аз занозании ҷавонон дар "Гипрозем"