Нокомии 4 паҳлавони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Анталия

Беҳрӯз Хоҷазода ба Александр Турнер аз Амрико ва Сайҷад Сеҳен аз Ироқ пирӯз омад, аммо аз Акил Гҷакова (Косово) шикаст хӯрд

Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2018”), ки рӯзҳои 6-7-уми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, аз медалҳо бенасиб монданд. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа 316 варзишгар (206 мард ва 110 зан) аз 50 кишвар ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Гран-прии ҷудо дар Анталия шаш варзишгар дохил аст: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов.

Дар рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - Наврӯз Каримзод дар вазни зери 66 кг ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуд. Ӯ дар нахустин қувваозмоияш аз Андраз Ҷереб аз Словения шикаст хӯрд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа - 7-уми апрел - се нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Акмал Муродов – зӯрозмоӣ карданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило дар даври аввал бар Александр Турнер аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғолиб омад. Ӯ дар даври дувум Сайҷад Сеҳенро аз Ироқ шикаст дод. Вале Беҳрӯз дар даври баъдӣ аз Акил Гҷакова (Косово) мағлуб шуд ва аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Муродов, ки дар вазни зери 81 кило дар қувваозмоии аввали худ бар Кристҷан Тонисте аз Эстония пирӯзӣ ба даст овард, дар даври дувум қувваозмоиро ба Ведат Албайрақ аз Туркия бохт.

Гуштигири ҷавону маъруфи тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило дар даври аввал аз Иван Петр аз Ҷумҳурии Чех шикаст хӯрд.

Ду паҳлавони шинохтаи тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – дар рӯзи охирини мусобиқа - 8-уми апрел - барои медалҳо мубориза мебаранд. Комроншоҳ, ки дар вазни зери 90 кило дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Самули Виитанен (Финляндия)/Ҷиндрих Турек (Ҷумҳурии Чех) вориди рақобат мешавад. Рақиби Саидҷалол дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило дар даври аввал Виктор Демяненко аз Қазоқистон мебошад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2017”), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуд, Тоҷикистонро се гуштигир - Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) – намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо танҳо Комроншоҳ медал ба даст оварда буд. Ӯ пас аз ду пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ дастболо шуда, ба финал баромад. Вале Устопириён дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Зимнан, Гантулга дар мусобиқаи имсолаи Гран-прии ҷудо дар Анталия рӯзи якшанбеи 8-уми апрел дар вазни зери 90 кило ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ мекунад. Рақибаш ғолиби ҷуфти Михаил Марчитан (Имороти Муттаҳиаи Араб)/Батуҳан Ефемгил (Туркия) мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия-2018, 6-7 апрел :

МАРДОН

60 кг
1. ОГУЗОВ Алберт (Русия)
2. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)
3. ДИАЗ Адонис (ИМА)
3. ҶАГВАРАЛДОРҶ Амарболд (Муғулистон)

66 кг
1. НИНИАШВИЛИ Баграти (Гурҷистон)
2. ВИРУ Денис (Молдова)
3. ГАНБОЛД Херлен (Муғулистон)
3. ЛЕ БЛОУЧ Килиан (Фаронса)

73 кг
1. МАТСИАС Томми (Шведсия)
2. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
3. МУҲАММАДИ Муҳаммад (Эрон)

81 кг
1. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)
2. ХАТТОН Ҷек (ИМА)
3. ГОТООАГА Дорин (Молдова)
3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)

ЗАНОН

48 кг
1. КОСТА Катарина (Португалия)
2. КЕЛМЕНДИ Фиолла (Косово)
3. МЕНЕЗЕС Сара (Бразилия)
3. СЕНТУРК Гулқодир (Туркия)

52 кг
1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ГИЛЕС Челси (Британияи Кабир)
3. ПУПП Река (Венгрия)
3. СТАНГАР Аня (Словения)

57 кг
1. ГДАКОВА Нора (Косово)
2. КИМ Ҷанди (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ФИЛЗМОСЕР Сабрина (Австрия)
3. ГРИНБЕРГ Мааян (Исроил)

63 кг
1. КРССАКОВА Магдалена (Австрия)
2. КОСТЕНКО Валентина (Русия)
3. КАСТИЛХОС Алексиа (Бразилия)
3. КАТИПОГЛУ Бурса (Туркия)

70 кг
1. БЕРНХОЛМ Анна (Шведсия)
2. ЗУПАНКИЧ Келита (Канада)
3. КОНВЕЙ Салли (Британияи Кабир)
3. ПОЛЛЕРЕС Микаела (Австрия)

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Анталия дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Косово бо касби 2 медали тилло ва 1 нишони нуқра дар мақоми аввал қарор дорад. Шведсия бо касби 2 медали тилло мақоми дувум ва Гурҷистон бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми севумро азони худ кардаанд.