Бо гузашти як сол аз марги духтари ноболиғе дар соҳилҳои дарёи Вахш ҳанӯз ҷасади ӯро пайдо накардаанд. Нишона Умарова шоми 26-уми апрели соли 2017, ҳангоме ки мехост дар пасманзари обҳои хурӯшони Вахш акси худро бигирад, ба дарё афтод.
Наздикони Нишона Умарова мегӯянд, ин ҳодиса тайи тақрибан як сол онҳоро дар ҳолати афсурдагиву дилшикастагӣ дод. Ҳоло ӯро ба Худо супурдаву ба зиндагии маъмулии худ баргаштаанд.
Сафармоҳ Алиева, модари Нишона Умарова, рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дубора ба кораш дар бозор шуруъ кард. Фатҳулло Алиев, тағои Нишона, ҳам гуфт, "дигар ҷустуҷӯяш надорем. Як сол шуд. Куҷоро кобем? Чӣ кор кунем, намедонем. Худо медонад ва ӯро ба Худо супоридем."
Наздикони Нишона Умарова мегӯянд, ӯ дар дарсҳо фаъол буд ва ҳамзамон ба "селфи" майли зиёд дошт. "Аз як тараф алоқамандӣ ба "селфи" ӯро нобуд кард. Аммо аз тарафи дигар ҳамин "селфи"-ҳояш ҳастанд, ки гоҳ-гоҳе ӯро тамошо мекунем", - гуфт Фатҳулло Алиев.
Ҷустуҷӯи Нишона аз ҷониби кормандони ҳолатҳои фавқулода ва наздикон чанд моҳ идома кард, вале ба далели баланд будани сатҳи оби дарёи Вахш пайдо карданаш душвор шуд. Сулаймон Исоев, сардори Кумитаи ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, гуфт, эҳтимоли ёфтани ҷасад бо гузашти як сол низ имкон дорад. Ӯ гуфт, "мисолҳое буд, ки ҷасадро пас аз як сол пайдо карданд. Тамоми моҳидорҳо рақами кормандони моро гирифтаанд. Дар сурати чизеро мушоҳида кардан ба мо хабар медиҳанд. Умед дорем, ки ҷасади Нишона пайдо ва ӯ дафн карда мешавад."
Нишона Умарова, яке аз 25 ғарқшуда дар соли 2017 мебошад, вале марги ӯ натанҳо хонаводаро барои як сол дар ҷустуҷӯ қарор дод, балки огоҳие ба дӯстдорони "селфи" ё аксгирӣ дар ҷойҳои хатарнок будааст.
Видео аз бойгонии Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳарчанд барои Тоҷикистон марги инсон ҳангоми гирифтани акси селфӣ ҳодисаи нодир аст, хабаргузориҳои ҷаҳон дар бораи ҳалокати корбарони телефонҳои мобил дар чунин ҳолатҳо зиёд хабар додаанд.
Дар бисёр ҳолат талоши гирифтани акси ғайриоддӣ дар макони хатарноке мисли боми баландошёна, ҳангоми ҳаракати қатор, лаби кӯҳи баланд ва ё дарё бо фоҷиа анҷомидааст. Вазорати нақлиёти Амрико гуфтааст, дар соли 2014, 33 ҳазор ҳодисаи ҷароҳату марги инсонҳо ҳангоми гирифтани селфи дар ҳоли ронандагӣ сабт шудааст. Нашрияи "Вашингтон пост" навиштааст, соли 2015 дар ҷаҳон 27 нафар ҳангоми селфи ҷон бохтанд ва нисфи ин ҳодисаҳо дар Ҳинд сабт шудааст.