Муштариҳои "Тоҷиксодиротбонк" мегӯянд, ки маблағҳои худро аз ин бонк гирифта наметавонанд. Ин бонк мебояд рӯзе барои муштариён аз банкоматҳои худ то 200 сомонӣ пули нақд бидиҳад. Сокинон мегӯянд, ки ҳамин маблағи ночизро ҳам рӯзҳои охир наметавонанд бигиранд.
Яке аз муштариён ба Радиои Озодӣ гуфт, "дирӯз субҳ домодам омад, то нисфирӯзӣ инҷо монд. Ба ӯ гуфтанд, ки баъди нисфирӯзӣ биояд. Пул набуд. Имрӯз ман омадам. Мегӯянд, мушкили техникӣ дорем, фардо биоед."
"Тоҷиксодиротбонк" яке аз бонкҳоест, ки зиёда аз ду сол мешавад дучори бӯҳрон шудааст.
Муштариҳо мегӯянд, баъзан соатҳо назди бонкоматҳои бепул навбатпоӣ мекунанд, то пулҳояшонро бигиранд, ки онро ба таъбири худ "ситондан" меноманд. Яке аз муштариҳо мегӯяд, ки ҳамарӯза ба ин бонк меоянд ва дасти холӣ бармегарданд. "Имрӯз-фардо мегӯянд, онҳо чӣ мекунанд, агар наметавонанд 200 сомонӣ бидиҳанд?"
Барно Имомова аз ноҳияи Фархор ба Душанбе омадааст. Барои он, ки пулҳои худро рӯзе 200 сомонӣ бигирад, дар хонае иҷора нишастааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳар ҳафта ба бонк меравад ва муҳофизони бонк бархурди бад доранд, "мисли он, ки мо пулро аз ҷайби онҳо мегирем."
Дар "Тоҷиксодиротбонк" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, даъвои муштариҳо асос надорад ва имкони гирифтани рӯзе 200 сомонӣ барои онҳо фароҳам аст. "Тоҷиксодиротбонк" яке аз бонкҳоест, ки зиёда аз ду сол мешавад дучори бӯҳрон шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад