Марҳилаи нави ҷангҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия ҳазорон мусофирони ду кишварро саргардон кард. Рӯзи 2-юми апрел танҳо ду парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербурги Русия дар назар гирифта шудаасту бас.
Коҳиши парвозҳо ба самти Русия
Субҳи 2-юми апрел Фурудгоҳи байналмиллалии пойтахти Тоҷикистон ғайримаъмулӣ тақрибан беодам буд ва ҳатто истгоҳи мошинҳои сабукрав, ки рӯзҳои дигар ҷои мошинмонӣ надошт, тақрибан холӣ буд. Дар саҳн ва дохили фурудгоҳ аҳёнан мусофироне дида мешуданд, ки ба самтҳои ғайр аз Русия парвоз мекарданд.
Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор мекунад.
Масъулони фурудгоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки субҳи имрӯз танҳо як парвоз аз Маскав ба Душанбе фуруд омад ва як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” озими пойтахти Русия шудааст. Қарор аст шоми 2-юми апрел “Тоҷик Эйр” низ ба Маскав парвоз кунад ва як парвоз ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар назар аст.
Дар пайи баҳсҳои ҳавоии миёни ду кишвар, ки аз миёнаҳои моҳи март шурӯъ шуда, то имрӯз идома дорад, парвозҳои ширкатҳои “Уралские авиалинии” ба Тоҷикистон ва “Сомон Эйр” ба Русия шадидан маҳдуд шудааст.
Ба дунболи манъи қабули ҳавопаймоҳои русӣ дар Тоҷикистон, мақомоти “Росавиатсия” аз ширкати “Сомон-эйр” ҳам хостанд, ки шумораи хатсайрҳояшро ба самти Русия маҳдуд кунад. Баҳси ин ду ҷониб бар сари масъалаи баробарӣ ё паритети шумори парвозҳост ва Тоҷикистон мегӯяд, ки Маскав бидуни назардошти манфиатҳои ҷониби Душанбе домани ҷуғрофии парвозҳоро тавсеа медиҳад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Моҷаро чигуна сар зад?
Моҷарои ҳавоӣ рӯзи 12-уми март сар зад. Он рӯз Тоҷикистон ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод. Русия таҳдид карда буд, ки аз чораҳои дигар, аз ҷумла қатъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон кор мегирад. Рӯзи 31-уми март “Росавиатсия” эълон кард, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба 7 шаҳри Русияро манъ мекунад. Ҷониби Тоҷикистон низ имрӯз аз қатъи иҷозаи парвозҳо ба панҷ ширкати ҳавоии Русия ба Душанбеву Хуҷанд хабар дод.
Азиз Набизода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар назар аст субҳи сешанбеи 3-юми апрел ҳайати Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофҳои ҳавоӣ озими пойтахти Русия шавад.
Вай афзуд: "Ба ҳайати Тоҷикистон намояндаҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт, адлия ва ширкатҳои ҳавоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” шомил ҳастанд. Ҳанӯз мо пешниҳоди мушаххасе ба Русия дар даст надорем. Онҳо мехоҳанд манфиатҳои худро ҳимоят кунанд, мо аз манфиатҳои худ дифоъ мекунем. Мутмаинам, дар ҷараёни музокирот роҳи ҳалли ин қазия пайдо хоҳад шуд”.
Паёмади "ҷанги ҳавоӣ" ба зиндагии сокинон
Субҳи 2-юми апрел хабарҳо нашр шуд, ки ширкати «Уралские авиалинии» ба бозпас додани пули муштариҳои парвозҳои қатъшуда шурӯъ кардааст. Бо талаби бозгардони пул, муштариҳои тоҷик ҳам ба нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.
Наргис Розиқова, масъули ширкати билетфурӯшии “Парасту-2015”, ки дар бозори хадамоти ҳавоӣ дастикам 10 сол фаъолият дорад, мегӯяд, ҷангҳои ҳавоии миёни ду кишвар дар зиндагии ҳазорон сокинони Тоҷикистон асароти номатлуб гузоштааст. Вай афзуд, давоми се рӯзи ахир аз субҳ садҳо муштарии онҳо паси дари ширкат навбатпоӣ карда, билетҳои қаблан ба шаҳрҳои Русия харидорӣ кардаашонро бозпас медиҳанд.
Хонум Розиқова афзуд, "теъдоди афроде, ки билети парвози худро бозпас медиҳанд ончунон зиёд аст, ки мо ҳатто маблағи кофӣ барои баргардонидани пули онҳо дар ихтиёр надорем. Зеро, имрӯзҳо касе барои сафар ба Русия билети ҳавопаймо аз мо харидорӣ намекунад. Мо машварат медиҳем, ки аз тариқи кишварҳои дигар, ба мисли Узбекистон ва Қазоқистон ба шаҳрҳои Русия парвоз кунанд. Аммо, дар ин ҳолат дар сурати мамнӯъ будани воридшавии онҳо ба қаламрави Русия, касе қиммати чиптаи онҳоро ҷуброн намекунад.
Фасли баҳор -- мавсими "ҷанги ҳавоӣ"
Ҷангҳои ҳавоии миёни Тоҷикистону Русия тӯли чанд соли ахир пайваста дар фасли баҳор, замони сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия рух медиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор мекунад.
Русия баръакс иддао дорад, ки ширкатҳои ҳавоии Тҷоикистон санадҳои зарурии ҳуқуқӣ барои анҷоми парвозҳо ба Русияро дар муддати муайяншуда ирсол намекунанд. Гузашта аз ин, ҳам ширкатҳои русӣ ва ҳам ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аз гарон будани қиммати маводди сӯхтӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе шикоят мекунанд.
Таниш сари чист?
Фирӯз Ҳамдамов, собиқ корманди ширкати “Тоҷик Эйр”, ки феълан дар яке аз ширкатҳои ҳавоии кишвари хориҷӣ фаъолият мекунад, 2-юми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби аслии мушкилот дар иртиботи ҳавоӣ бо Русия ба рақобати ширкатҳо ва дар инҳисор қарор доштани бозори мусофирбарии ҳавоӣ дар Тоҷикистон рабт мегирад.
Вай гуфт, Тоҷикистон ду ширкати ҳавоӣ - “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” дорад ва тамоми бозори мусофиркашонӣ дар Тоҷикистон аз сӯи ин ду ширкат инҳисор шудааст, ҳатто хадамоти чиптафурӯшӣ. "Ин аст сабаби асосии сар задани ҷангҳои ҳавоии миёни Тоҷикистон Русия",-афзуд вай.
Дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет айбдор мекунад, Русия дар такя ба созиши қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонад ва аз Тоҷикистон талаб дорад, ки ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.
Русия як макони аслии кору фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст ва зиёд будани парвозҳо ба ҳама самтҳои ин кишвар бо зиёд будани талабот рабт дода мешавад. Оҷонсии ТАСС менависад, соли 2015 ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон ва ба Русия наздики 900 ҳазор мусофирро расондаанд.
Тоҷикистон аз назари зиёдии истифодаи хатҳои ҳавоии Русия дар мақоми нӯҳум қарор дошта, ширктаҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар 87 дар сади ҳолатҳо ба самти шаҳрҳои Русия парвоз мекардаанд. Мутахассисон парвозҳоро пеш аз ҳама як бозори сердаромад меноманд ва вуҷуди мушкили парвозҳоро бештар ба баҳсҳои молию тиҷоратӣ рабт медиҳанд.