Ба Салиби Сурх иҷозат шудааст, ки Марямро аз Ироқ биорад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Салиби Сурхи Байналмилал иҷозат додааст, ки Марям Шоева, кӯдаки даҳсолаи тоҷикро аз Ироқ ба ватан биорад. Марям Шоева феълан дар яке аз паноҳгоҳҳои Ироқ аст.​

Ин навраси тоҷик пас аз озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ аз дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайдо шуд.

Маҳмадраҳим Шоев, бобои Марям, рӯзи 28-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мулоқоти онҳо бо масъулони Салиби Сурх ва мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта сурат гирифт. «Дар ҳамон мулоқот мақомоти вазорат ба ин ниҳоди байналмилалӣ иҷозат доданд, ки набераи маро ба ватан биоранд», - афзуд ӯ. Ба қавли Маҳмадраҳим Шоев, тибқи муқаррарот дар чунин ҳолатҳо баргардондани афрод танҳо бо иҷозати кишвари аслӣ, мумкин будааст.

"Марям пурсид, ки кай ӯро ба Тоҷикистон меорем?"

Ҳамсуҳбати мо гуфт, пас аз маълум шудани сарнавишти наберааш, бо кумаки масъулони Салиби Сурх то ба ҳол ду дафъа тариқи видео бо Марям сӯҳбат кардааст. Дар охирин тамос, Марям гаштаву баргашта аз бобояш пурсидааст, ки кай ӯро ба Тоҷикистон бармегардонад.

Маҳмадраҳим Шоев

Маҳмадраҳим Шоев гуфт, мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ваъда додаанд, ки давоми моҳҳои наздик кӯдакро ба ватан бармегардад.

Масъулони Раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки воқеан ҳам дипломатҳои тоҷик дар самти баргардондани кӯдакон ба ватан бо ҳамкорони ироқиашон ҳамкорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Маҳмадраҳим Шоев, вазъи наберааш зоҳиран хуб аст, аммо хоҳиш дорад, ки ҳарчӣ зудтар ӯро ба Тоҷикистон баргардонанд. Марям дар охирин тамос дар бораи вазъи саломатӣ ва шароити нигаҳдориаш гуфтааст, ки устухони пояш шикастааст ва ҳанӯз як сими дигараш гирифта нашудааст, аммо роҳ гашта метавонад. Ба гуфтаи Маҳмадраҳим Шоев ба нақл аз наберааш, бар асари бомбаафканӣ падару модар ва хоҳару бародаронашро аз даст дод.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Акси садо ба паём аз Ироқ. Хешовандони Марям дар Тоҷикистон пайдо шуданд

Ҷамолиддину Садбарг куҷо шуданд?

Марям, навраси тоҷик ним сол қабл дар Ироқ пайдо шуд, вале то авохири моҳи феврали имсол мақомот мегуфтанд, ки ҳувияташ мушаххас нест. Рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки Марям духтари Ҷамолиддин Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шомирзоева, сокини Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъдан хабар ёфтанд, ки тифли панҷуми онҳо низ таваллуд шудааст.

Навори Марями 10-сола бори аввал моҳи августи соли гузашта тавассути шабакаи телевизионии “Russia Today” аз як паноҳгоҳе дар Ироқ пахш шуд. Дар он навор Марям бо забони русӣ мегуфт, ки аз Тоҷикистон аст ва аз пайвандонаш хоҳиш дошт, ӯро ба ватан баргардонанд. Нимаи моҳи феврали имсол навори дигаре аз ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки бо забони тоҷикӣ аз тағояш бо номи Саид хоҳиш дошт, бо ӯ тамос бигирад.

Шахсияти панҷ кӯдаки тоҷик дар Ироқ маълум шудааст

Ин навраси тоҷик пас аз озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ дар тобистони соли гузашта аз дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайдо шуда, дар Бағдод дар паноҳгоҳе ҳамроҳи кӯдакони дигар аъзои ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мегардад.

То ба ҳол шахсияти панҷ кӯдаки тоҷик дар Ироқ маълум шудааст, вале дар асл шумори онҳо метавонад аз ин ҳам бештар бошад.