"Гӯштобак" дар ҷануби Тоҷикистон. ВИДЕО

"Гӯштобак" бозие дар ҷануби Тоҷикистон аст ва ба қавли мардуми бумӣ, қаблан яке аз сабқатҳои аслии наврӯзӣ буд. Ба қавли сокинон, ду-се рӯз пеш аз Наврӯз ҳамин корҳоро одамони калонсол ташкил мекарданд​. Гӯштобак имрӯзҳо қариб, ки аз байн рафтааст.

Дар ин бозӣ маблағе дар байн гузошта мешавад ва кӯдакон барои ба даст овардани он мусобиқа мекунанд. Шарти аслиаш ин аст, ки як нафар ҷоизаро то нуқтаи муайяншуда бирасонад.

Дигарон бошад монеи ӯ мешавад, гӯшашро метобанд -- то даме, ки ӯ аз ҷоиза даст кашад ва маблағро партояд. Нафари дигар ҷоизаро ба даст мегирад ва боқимондаҳо гӯши ӯро ҳам метобанд. Ҳамин тариқ иштирокчие, ки ба гӯштобии дигарон тоб меорад ва то ба марра мерасад, ҷоиза аз ӯ мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Барои 50 сомонӣ гӯшам сурх шуд