Панҷакент ба Наврӯзи ҷумҳуриявӣ омада мешавад. 22 АКС, САДО

Шаҳри Панҷакент барои ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ омода мешавад. Дар назар аст, ки Наврӯзи ҷумҳуриявӣ рӯзи 27-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шавад.

Ин шаҳр аз дирӯз ба ин тараф зери назорати ҷиддии мақомотӣ қудратӣ қарор дорад. Дар назар аст, дар ин ҷашн Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок кунанд.

Инчунин қарор аст аз рӯи муҷассамаи тозабунёди Лоиқ Шералӣ, ки дар маркази шаҳр қомат афрохтааст, пардабардорӣ шавад. Дар назар аст, ки барои истиқбол аз ҷашни Наврӯз ҳудуди 6 ҳазор нафар меҳмонон ба Панҷакент биоянд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Панҷакент ба таҷлили Наврӯз омода мешавад

Панҷакент ба Наврӯзи ҷумҳуриявӣ омода мешавад