Тоҷикистон ба ду парвози "Уралские авиалинии" иҷозат надод

Беш аз 300 нафар мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Колстсовои шаҳри Екатеринбурги Русия дар мондаанд. Онҳо мусофирони хатсайрҳои Екатеринбург-Хуҷанд ва Екатеринбург-Душанбе мебошанд, ки аз шаби гузашта боз мунтазири парвоз ҳастанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уралские авиалинии" ҳанӯз иҷозаи парвоз надодааст.

Масъулон мегӯянд, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уралские авиалинии" аз Екатеринбург ба Душанбе ва Хуҷанд то фардо, 27-уми март мавқуф гузошта шуд. Марина Корпенко, роҳбари Хадамоти матбуоти ширкати "Уралские авиалинии" рӯзи 26-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, парвози ҳавопаймоҳои ширкат то пагоҳ-27-уми март мавқуф гузошта шуд.

Тоҷикистон дар гузашта ҳам ба нақз шудани усули паритет ё баробарӣ аз ҷониби ширкатҳои русӣ шикоят карда ва гуфта буд, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ аз тоҷикӣ дида, ба маротиб зиёд аст

"Ширкат ҳамаи мусофиронро бо меҳмонхона ва се вақт хӯроки гарм таъмин кард",- иброз дошт Корпенко. Ӯ сабаби лағви парвоз ва мавқуф гузоштани онро дар сар задани "сӯитафоҳум миёни ширкат ва масъулони соҳаи авиатсияи Тоҷикистон, унвон кард.

Хонум Корпенко гуфт, бинобар ҷой доштани сӯитафоҳум, ҳавопаймоҳои ширкат то ҳанӯз иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро надоранд ва аз ин рӯ парвозҳо ба таъхир андохта шуд.

Масирҳои Екатеринбург- Душанбе, Екатеринбург-Хуҷанд парвозҳои маъмулии ширкати "Уралские авиалинии" аст, ки солҳост анҷом медиҳад.

Сабаб -- ҷадвали тобистонаи парвозҳо?

Аммо Умедҷон Лолаев, намояндаи расмии ширкати "Уралские авиалинии" дар Тоҷикистон гуфт, шурӯъ аз 26-уми март мавсими тобистонаи парвозҳо шурӯъ мешавад ва ҳам ширкатҳо ҷадвали парвозҳоро аз нав бо мақомот мувофиқа кунанд. Ӯ гуфт сабаби пеш омадани чунин мушкил маҳз мавсими тобистонаи парвозҳо аст, "чунки мақомоти Тоҷикистон як қисмате аз парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии"-ро мувофиқа накардаанд."

Айни замон масъалаи анҷоми парвозҳо дар ин масир муаллақ боқӣ мемонад ва беш аз 300 муштарии ин ширкат дар фурудгоҳи Колтсово мунтазири ҳалли ин моҷаро ҳастанд.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.

Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор сохта ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои урсӣ иҷозаи парвоз намедиҳанд. Ҷониби Русия дар такя ба созишномаи қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонанд ва аз Тоҷикистон талаб дорад ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.

"Амалкарди "Уралские авиалинии" хилофи қонунгузорӣ аст"

Суҳроб Ҷӯраев, корманди собиқи “Тоҷик эйр” ва собиқадори соҳаи авиатсия мегӯяд, амалкарди ширкати "Уралские авиалинии" хилофи қонунгузорӣ ва созишномаҳои дуҷониба аст. Ба гуфтаи вай, ширкат ҳадди ақал 40 рӯз пеш аз парвоз бояд иҷозати кишвари дигарро бояд бигирад ва танҳо баъди он бояд ба фурӯши чиптаҳо пардозад.

"Худи Русия айнин чунин талабро аз ширкатҳо Тоҷикистон мекунад. Ширкатҳои мо ба камиаш 40 рӯз пеш тамоми ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани иҷозатномаи парвоз ба мақомоти Русия мефиристанд. Тоҷикистон ҳам айнин чунин талабро аз ширкати “Уралские авиалинии” дорад",-гуфт вай.

Ҷӯраев афзуд, амали "Уралские авиалинии", ки қабл аз мувофиқа кардани паврвозҳо билет фурӯхта мусофиронро гаравгони вазъият қарор медиҳад ва аз ин тариқ ба мақомоти авиатсияи кишвар фишор меорад, ки қобили қабул нест.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам қаблан гуфта буданд, парвозҳои ширкатҳои Русия аз ширкатҳои Тоҷикистон дида бештар ҳастанд, ки нақзи усули паритет маҳсуб меёбад.Тоҷикистон дар гузашта ҳам ба нақз шудани усули паритет ё баробарӣ аз ҷониби ширкатҳои русӣ шикоят карда ва гуфта буд, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ аз тоҷикӣ дида, ба маротиб зиёд аст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, афзоиши шумораи парвозҳо аз тарафи ширкати русӣ талоши зери назар даровардани қисмати бештари бозор мебошад. Илова ба ин, ширкат нархномаи нисбатан арзон аз ширкатҳои Тоҷикистонро пешниҳод мекунанд, ки ба манфиати муштарӣ ва бар зарари ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аст.

Баҳси як сол пеш дар бораи "Ямал"

Соле аз ин пеш баҳси Русияву Тоҷикистон барои ба феҳристи ширкатҳои ҳамкор ворид кардани “Ямал”, ки аз фурудгоҳи Жуковскийи канори Маскав парвозҳо анҷом медод, моҳҳо идома кард. Дар ниҳоят, Тоҷикистон барои ҳамкорӣ розӣ шуд, аммо ширкати русӣ дар ниҳоят аз парвозҳо даст кашид.

Аксар нозирон баҳси ҳавоии миёни Тоҷикистону Русияро он замон дорои ангезаҳои сиёсӣ мегуфтанд, ки ҳадафаш “ғасб”-и бозори ҳавоии Тоҷикистон аст.