Эмомалӣ Раҳмон: "Наврӯзи имсола барои мо таърихист" АКС

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон. 25-уми марти 2018. Душанбе

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди бозгашт аз Амрико дар маъракаи расмии таҷлил аз Наврӯз дар Душанбе иштирок кард. Эмомалӣ Раҳмон шоми 25-уми март дар як суханронӣ дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт ҷашни имсоларо барои ҳукумат ва сокинони кишвар таърихӣ донист.

Наврӯз ягона ҷашн дар Тоҷикистон аст, ки сокинон онро чанд рӯз таҷлил мекунанд.

Ӯ гуфт, "дар рӯзи ин ҷашни бостонӣ... Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшид. Ин рӯйдод дар ҳақиқат мояи ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон аст."

Аксҳо: "Фейерверк"-и наврӯзӣ дар Душанбе:

"Фейерверк"-и наврӯзӣ дар Душанбе

Оқои Раҳмон дар идома гуфт, сокинони Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба инки кишвар дар саргаҳи оби минтақа қарор дорад, бояд фориғбол набошанд. "Ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем", - таъкид кард ӯ.

Ҳар сол Тоҷикистон маъракаи расмии таҷлил аз Наврӯзро 21-уми март дар пойтахт ё минтақаҳои дигари кишвар баргузор мекард. Аммо имсол ба хотири сафари раиси ҷумҳур ба Амрико ва иштирокаш дар нишасти Созмони Милал то чаҳор рӯз ба таъхир афтод.

Мақомот мегӯянд, барои тантанаҳои Наврӯзи расмӣ дар пойтахт тақрибан ҳазорҳо донишҷӯ, ҳунарманд ва овозхон омодагӣ диданд. Худи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ин маърака тақрибан 5 ҳазор нафар заҳмат кашидаанд. "Ман кӯшиш кардам, ки аз Ню-Йорк ба ин маҳфили шумо расида оям. Ва тамоми хастагии ман ин лаҳза берун гашт", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Омодагиҳо ба ҷашни расмии Наврӯзи имсол дар пойтахт тайи тақрибан як моҳ идома кард. Қурбон Холов, раҳбари ҳунарии баргузории ҷашни Наврӯзи пойтахт, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "ҳарчанд боду ҳаво дар рӯзҳои гузашта муносиб набуд, устодони рақс ва коргардонҳо тавонистанд, барномаро дуруст кунанд."

Аммо бархе аз донишҷӯён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар рӯзҳои истироҳат ба ҷойи инки дар назди волидон бошанд, аз субҳ то шом дар ҷашнгоҳ машқ карданд. Онҳо, инчунин, аз шароити начандон мусоиди тамрин шиква карда, вале нахостанд номашон бурда шавад.

Наврӯз ягона ҷашн дар Тоҷикистон аст, ки сокинон онро чанд рӯз таҷлил мекунанд. Иттифоқи касаба эълон карда буд, ки имсол аҳолии Тоҷикистон аз 21 то 26-уми март истироҳат мекунанд. Интизор меравад, раиси ҷумҳур дар маъракаи бахшида ба Наврӯз дар шаҳри Паҷакент, ки 27-уми март баргузор хоҳад шуд, иштирок кунад.

Бештар бихонед: