Бохти тими миллии Тоҷикистон ба мунтахаби ҷавонони Чин

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Чин бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин бозӣ дар доираи омодагии футблбозони тоҷик ба бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Филиппин рӯзи чоршанбе, 21-уми март, дар варзишгоҳи «Ҳелонг»-и шаҳри Чаншаи Чин барпо гардид.

Азбаски мунтахаби Тоҷикистон лимити ивази бозигаронро комилан ба кор бурд, даста то охири бозӣ аз нӯҳ нафар иборат буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳисобро дар ин бозии дӯстона ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, ки дар тими «Балтика»-и Калинингради Русия ҳунарнамоӣ мекунад, боз кард. Ӯ тӯби аз ҷарима задаи Фатҳулло Фатҳуллоевро бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби ҷавонониЧин ворид намуд.

Дар нимаи дувуми бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов якчанд бозигарро иваз кард ва ба ҳамаи ҷавонон имкон дод, ки бозӣ намоянд. Вале дар дақиқаи 80-ум Дилшод Восиев, инчунин баъди чанд дақиқа Нозим Бобоҷонов ба иллати латхӯрӣ майдонро тарк карданд.

Азбаски мунтахаби Тоҷикистон лимити ивази бозигаронро комилан ба кор бурд, даста то охири бозӣ аз нӯҳ нафар иборат буд. Дар ин муддат футболбозони ҷавони Чин на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки дар замони изофанамудаи сардовар голи дувумро ба самар расонда, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Бозии дӯстона

Чин (U-21) – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Искандар Ҷалилов, 28 (0:1). Ҳие Виҷун, 87 (1:1). Ву Вей, 90+3 (2:1).

Тоҷикистон: Рустам Ризоев (Абдуазиз Маҳкамов, 46), Давронҷон Эргашев (Хуршед Бекназаров, 46), Сиёвуш Асроров (Зоир Ҷӯрабоев, 34), Искандар Ҷалилов (Фирдавс Чақалов, 46), Манучеҳр Аҳмадов, Эҳсони Панҷшанбе, Аҳтам Назаров (Дилшод Восиев, 46), Ромиш Ҷалилов (Ҷаҳонгир Алиев, 64), Нозим Бобоҷонов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 66).

21-уми март. Чанша. Варзишгоҳи «Хелонг». 7300 тамошогар.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чаншаи Чин то рӯзи 23-юми март идома меёбад. Баъдан даста аз онҷо ба Манила сафар мекунад.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон 27-уми март дар Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ муқобили Филиппин танҳо ғалаба қаноатманд мекунад.

Бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои мунтахаби миллии футболи Филиппин ва Тоҷикистон ҳакамон аз Австралия таҳти раҳбарии Ҷарред Ҷиллетт доварӣ менамоянд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳама – «Хуҷанд»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»), Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия), Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Нозим Бобоҷонов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Дилшод Восиев, Шериддин Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Ҷоми Осиё-2019

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

5

2

3

0

11-7

9

2

Яман

5

1

4

0

5-4

7

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

9-7

7

4

Непал

5

0

2

3

2-9

2

Ҷоми Осиё-2019

Мусобиқоти интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 6-ум

27 март (сешанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:30 ба вақти Душанбе

ФИЛИППИН – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Ҷарред Ҷиллетт (Австралия).

Ёварони сардовар: Антон Шетинин, Рян Марк Галлагер (ҳарду – Австралия).

Довари эҳтиётӣ: Эванс Шаун Роберт (Австралия).

Нозири доварон: Ҳасан Комронифар (Эрон).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

Манила, Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал

ЯМАН – НЕПАЛ