Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 16-уми март дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, як зина боло шуд ва дар байни 211 кишвар бо 255 имтиёз дар ҷойи 124-ум қарор гирифтааст.
Олмон дар феҳрасти нави FIFA мисли пешин бо 1609 имтиёз ҷойи аввал, Бразилия бо 1489 имтиёз ҷойи дувум ва Португалия бо 1360 имтиёз ҷойи севумро касб кардаанд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал мебошад (дар ҷаҳон бо 792 имтиёз дар зинаи 33-юм). Австралия дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 37-ум, 740 имтиёз) ва Ҷопон дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 55-ум, 593 имтиёз) қарор доранд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (35-ум), Русия (63-юм) ва Узбакистон (72-юм) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Озарбойҷон (127-ум), Латвия (131-ум), Қазоқистон (136-ум), Литва (147-ум) ва Молдова (170-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (72-юм), Туркманистон (114-ум) ва Қирғизистон (115-ум) ҷойгир шудааст.
Бояд гуфт, ки соли 2017 дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов ҳамагӣ шаш бозӣ анҷом дода буд, аз он ҷумла панҷ бозӣ дар доираи мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили Яман (1:2 ва 0:0), Филиппин (3:4), Непал (2:1 ва 3:0), инчунин як бозии дӯстона бо тими миллии Баҳрайн (1:1).
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 27-уми март дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Филиппин, ки дар феҳрасти FIFA бо 265 имтиёз дар мақоми 122-юм қарор дорад, анҷом медиҳад. Бояд гуфт, ки барои ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтан дастаи Тоҷикистонро танҳо ғалаба қаноатманд мекунад.
Зимнан, Федератсиони футболи Филиппин макони баргузории ин бозиро дигар кардааст. Бозӣ дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал дар Манила баргузор мешавад. Пештар хабар дода шуда буд, ки бозӣ дар варзишгоҳи «Панаад Парк Стэдиум» дар Баколод барпо мегардад.
Бояд тазаккур дод, феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳрасти FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад. Феҳрасти навбатии FIFA 22-юми апрел нашр хоҳад шуд.