Ширкати паҳлавонони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург" дар Русия

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Ekaterinburg Grand Slam 2018), ки рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Русия, баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, аз рӯи ҳисоби пешакӣ дар мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург» дар Екатеринбург иштироки 262 варзишгар (мардону занон) аз 34 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти байналмилалӣ 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекунад. Дар рақобатҳо миёни мардон Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (ҳарду дар вазни то 60 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев ( ҳарду – 73 кг), Мирзошариф Исматов, Хушвахт Идиев (ҳарду - 81 кг), Ёқубҷон Назиров ва Талабуддин Файзов (ҳарду - 90 кг) ширкат меварзанд. Дар сабқати занон Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57 кг) иштирок менамоянд.

Зимнан, мусобиқот дар Екатеринбург баъди «Тоскулоҳи бузург» дар Парижи Фаронса ва Дюсселдорфи Олмон севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад. Мунтахаби Русия ба ҳайси мизбони мусобиқот аз ҳама сернуфузтарин маҳсуб мешавад. Ба ҳайати он 55 варзишгар (28 мард ва 27 зан) шомил аст.

Барномаи мусобиқот

Рӯзи якум (шанбе, 17 март):

  • Занон то 48, то 52, то 57 ва то 63 кг;
  • Мардон то 60, то 66 ва то 73 кг.

Рӯзи дувум (якшанбе, 18 март):

  • Занон то 70, то 78 ва беш аз 78 кг;
  • Мардон то 81, то 90, то 100 ва беш аз 100 кг.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо бо номи “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Duesseldorf 2018), ки рӯзҳои 23-25-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд.

Аз байни онҳо танҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Молдова, Ҳолланд ва Русия ба нимфинал баромад. Вале Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро Машу Бакер аз Ҷопон шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи севум ба ғолиби Гран-прии Анталия дар соли 2017 Алтанбагана Гантулга (Муғулистон) бохт. Ҳамин тариқ, Устопириён мақоми панҷумро азони худ кард.

“Тоскулоҳи бузург” дар Екатеринбурги Русия барои варзишгарони тоҷик севумин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад.