"Бо тақдири одамон бозӣ накунед". ВИДЕО

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон аз пешниҳоди раиси ҷумҳур барои ҷиддан риоя шудани ҳаққи боздоштшудаҳо дар ҷараёни тафтишоти ибтидоӣ ва баррасии парвандаҳо дар чаҳорчӯби қонуну адолат ҳимоят карданд.

Мушкили система аст. Муфаттишони мо бояд бо системаи баррасии тафтишоти пешакии кишварҳои ғарбӣ дуруст ошно шаванд

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми март тайи маросиме ба муносибати рӯзи кормандони соҳаи додситонӣ гуфт, “муфаттишон набояд бо тақдири одамон бозӣ кунанд”. Ӯ бо ишора ба инки парвандаҳои ҷиноӣ пурраву ҳаматарафа тафтиш нашудаанд, гуфт, тақрибан 1200 парвандаро ба тафтиши иловагӣ баргардондаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Э.Раҳмон: "Муфаттишон набояд бо тақдири одамон бозӣ кунанд"

Фарқи муфаттишони тоҷик аз ғарбӣ чист?

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раиси созмони “Перспектива Плюс” гуфт, аксари муфаттишон дар Тоҷикистон рисолати худро дар айбдор баровардани инсон мебинанд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, дар навбати аввал масъалаи ошкор кардани тамоми паҳлӯҳои қазия ва риояи қонун меистад.

Ойниҳол Бобоназарова

Ӯ гуфт, дар кишварҳои ғарбӣ имкон дорад, баъзе афроди боздоштшуда озод ва санадҳои ҷамъовардаи муфаттишон нодуруст барояд. "Аммо Тоҷикистон ба ин фикранд, ки ҳар нафаре боздошт шуд, бояд маҳкум гардад. Вагарна мегӯянд, кори муфаттиш хуб набуд ва барои ҳамин парванда гардонда шуд. Мушкили система аст. Муфаттишони мо бояд бо системаи баррасии тафтишоти пешакии кишварҳои ғарбӣ дуруст ошно шаванд", - афзуд ин ҳуқуқдон.

Додситон: Бароям ҳуқуқи инсон муҳим аст

Айни замон намояндагони баъзе аз сохтори ҳифзи қонун гуфтанд, иҷрои масъулиятҳо ба виҷдони ҳар нафар вобаста аст. Рустам Комилов, муфатиши Додситонии шаҳри Кулоб, рӯзи 13-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таҷрубаи кори ӯ ҳаёти инсон дар навбати аввал будааст.

​Ӯ гуфт, “дар таҷрибаи корӣ ба қонунушиканиҳое, ки боис ба ноҷо муҷозот шудани инсон гардида бошад, роҳ надодаам. Вале муфаттиш ҳангоми тафтишоти пешакӣ аз чанд марҳила мегузарад. Пас аз баррасии амали шахси айбдоршаванда прокуратураи назоратӣ натиҷаи кори онро месанҷад ва агар нуқсе пайдо намуд, онро барои тафтишоти иловагӣ бармегардонад.”

Чанд интиқоди раиси ҷумҳур аз додситонӣ дар 4 соли охир

Бо ин ҳол, солҳои охир нигаронӣ ва шикоятҳо аз ноодилона баррасӣ шудани парвандаҳо ва ҳукмҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон бештар шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз соли 2014 ба ин тараф ба камияш се дафъа кори мақомоти додситониро ба боди танқид кашидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ӯ моҳи феврали соли 2015 аз кори мақомоти додситонӣ ба шиддат интиқод карда, чанд мақоми баландпояи Додситонии куллро аз вазифаҳояшон сабукдӯш карда буд. Ӯ хитоб ба додситонҳо гуфта буд, ин қадар қасру кӯшкро аз кадом ҳисоб бунёд кардаанд ва таъкид кард, далелҳое дорад, ки мақомдорҳо алайҳи мардум парвандаи сохта боз мекунанд ва аз онҳо пул талаб менамоянд.

Аз он пеш, моҳи июли соли 2014 дар мулоқот бо мақомоти қудратӣ гуфта буд, ки агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.