Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони Додситонии кулл аз раванди тафтишоти пешакӣ интиқод кард ва хитоб ба кормандони прокуратура гуфт, ки ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки "дар паси ҳар як парванда одамон меистанд."
Эмомалӣ Раҳмон, ки сешанбеи 13-уми март тайи маросиме ба муносибати рӯзи кормандони соҳаи додситонӣ суханронӣ мекард, аз ҷумла гуфт, ки муфаттишон набояд бо тақдири одамон бозӣ кунанд ва ҳар як даъват ба мақомот, боиси озурдахотирии одамон мегардад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, "кормандони мақомот бояд хуб дарк намоянд, ки онҳо на соҳиб ва ҳалкунандаи тақдири дигарон, балки муҳофизони ҳуқуқи онҳо мебошанд". Ин аст, ки вай ба риояти сахттари қонун дар марҳилаи қабл аз додгоҳӣ даъват кард.
"Шумо бояд чун ойина пок бошед"
Оқои Раҳмон дар ин суханронии худ кормандони додситонӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқро "таҷассумгар сиёсат ва симои давлат" номид ва хитоб ба онҳо гуфт, "шумо бояд чун оина пок бошед ва вазифаҳои ба зиммаатон гузошташударо поквиҷдонона иҷро намоед".
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба додситонӣ дастур додааст, ки афроди ба гуфтаи ӯ "тасодуфӣ"-ро аз сафҳои худ пок кунанд, зеро ба таъбири вай, "ашхоси тасодуфӣ ҳуқуқи маънавии дар мақомоти прокуратура кор карданро надоранд".
Рақобати носолим дар байни сохторҳои ҳифзи қонун
Президент дар идомаи суханрониаш дар Додситонии кулл ба мавзӯе муроҷиат кард, ки онро "рақобати носолими байни мақомоти ҳифзи қонун”"номид. Вай гуфт, қонунгузорӣ масъулияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро ба зиммаи прокурорҳо вогузор кардааст.
"Вале прокурорҳо ин вазифаи худро нодида мегиранд, ки дар натиҷа байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рақобати носолим ба вуҷуд омада, боиси баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва машғул шудан бо фаъолияте мегардад, ки ба вазифаҳои асосии ин ё он мақомот дахл надорад",-афзуд Эмомалӣ Раҳмон
Вай ба прокурорҳои ҳамаи сатҳҳо дастур додааст, ки тобеияти тафтишотии парвандаҳои ҷиноятиро риоя кунанд, ба зиёдаравӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худи прокурорҳо, роҳ надиҳанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, соли гузашта аз ҷониби муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 18 дарсад, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 16, мақомоти прокуратура 12, Оҷонсии назорати маводи нашъаовар 12 ва Вазорати корҳои дохилӣ 11 дарсад ҳолатҳои вайрон намудани мӯҳлати тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ сабт шудааст.
Вай гуфт, мақомоти прокуратура бояд назоратро аз болои рафти таҳқиқу тафтиш, алалхусус, ғайриқонунӣ оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ва бидуни ҳеҷ асос ва далел ба ҷавобгарӣ кашидани одамон, тақвият бахшанд.
Дар додситонӣ сохтори назорати қонуни замин таъсис мешавад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки дар Додситонии кулли кишвар сохтори алоҳида доир ба назорати риояи қонунгузории замин таъсис дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо кормандони додситонӣ гуфтааст, ки дар давоми 26 соли охир 130 ҳазор гектар замин ба 1,400 миллион хонавода барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ тақсим карда шудааст. Аммо ба гуфтаи вай, бо айби мақомот бинобар ноодилона тақсим шудани замин, ҷиноятҳо содир шудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфтааст, ки танҳо дар даҳ соли охир аз ҷониби прокурорҳо аз болои қариб 6000 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки зиёда аз чор ҳазори он ваё 74 дарсад вобаста ба вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи замин мебошад.
Аз ҷумла президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ чанд гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ошкор шуд, ки ба хариду фурӯши замин машғул буданд. Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳодҳои зидахл, аз ҷумла Додситонии кулл, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хост, ки аз ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин ин росто, ҷилавгирӣ кунанд.