"Санитофарм", “Самарқанд Affarel”... Умеди соҳибкорони узбек аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

Соҳибкорони тоҷик дар Душанбе.

Соҳибкорон аз Узбекистон интизори имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон мебошанд.

Дар нимаи дуюми рӯзи 9-уми март дар Душанбе дар маҷмааи “Манеж” қарор аст намоишгоҳи маҳсулоти саноатии истеҳсоли Узбекистон бо ширкати даҳҳо намояндаи корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ ифтитоҳ шавад. Маросими кушоиши ин намоишгоҳ, ки қарор аст то 11-уми март дарҳои худро ба рӯи муштариҳо боз кунад, бо иштироки президентони ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

"Ҳоло сахт алоқаманд ҳастем, ки либоси тавлиди корхонаи мо ба Тоҷикистон роҳ ёбад ва ба ин хотир мехоҳем дар Тоҷикистон низ корхонаи муштарак таъсис бидиҳем",-гуфт як соҳибкори Узбекистонӣ.

Соҳибкорони ҳарду кишвар умед доранд, ки ин намоишгоҳ барои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мусоидат мекунад. Мизони табодули молу коло миёни ду кишвар аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 126 миллион доллар дар соли 2017 баробар шудааст.

Дар остонаи ифтитоҳи ин намоишгоҳ Радиои Озодӣ бо се соҳибкори Узбекистонӣ сӯҳбат ва интизороти онҳо аз ин намоишгоҳро суол карданд.

Азамат Ортиқов, як масъули ширкати “Санитофарм” аз шаҳри Тошканд 9-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нимаи дувуми рӯзи ҷумъа баъд аз анҷоми ҳамоиши соҳибкорон имзои қарордоди ҳамкорӣ бо намояндаҳои Тоҷикистон пешбинӣ мешавад.

Вай аз ифшои исми ширкати ҳамкораш аз Тоҷикистон худдорӣ кард, вале гуфт, ки “Санитофарм” 50 дарсади бозори доруҳои зиддиуфунии Ӯзбакистонро таъмин мекунад. Ҷаноби Ортиқов афзуд: “Феълан, мо ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба Қирғизистону Қазоқистон доруҳои тавлиди худро содирот мекунем. Мехоҳем дар бозори дорувории Тоҷикистон низ ҳузур дошта бошем. Албатта, аллакай қарордодҳое бо ҷониби Тоҷикистон барои воридоти доруҳои тавлиди ширкати мо дар даст ҳастанд. Аммо, ба чунин хулоса расидем, ки бояд дар Тоҷикистон корхонаи муштараке таъсис бидиҳем”.

Алишер Исмоилов, масъули ширкати “Самарқанд Affarel”.

Алишер Исмоилов, масъули ширкати “Самарқанд Affarel” низ интизор аст, ки имрӯз барои таъсиси корхонаи муштарак бо Тоҷикистон қарордод имзо хоҳад кард. Вай рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шаҳри Самарқанд якҷо бо шариконаш аз Куриёи Ҷанубӣ дар заминаи тавлиди либос замонавӣ корхонаи муштарак таъсис додааст.

“Мо барои ширкатҳои машҳури “Adidas” ва “Nike” аз нахи пахта либос таҳия мекунем. Маҳсулоти мо дар бозори ҷаҳонӣ муштарӣ дорад. Дар Гурҷистон мо бо шариконамон як корхонаи муштарак таъсис додаем. Ҳоло сахт алоқаманд ҳастем, ки либоси тавлиди корхонаи мо ба Тоҷикистон роҳ ёбад ва ба ин хотир мехоҳем дар Тоҷикистон низ корхонаи муштарак таъсис бидиҳем. Умедворем, баъд аз анҷоми ҳамоиши бозаргонон қарордоде дар ин замина имзо шавад”, - гуфт Алишер Исмоилов.

Намояндаи ширкати муштараки Узбекистону Кореяи Ҷанубӣ “Эспопласко” низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маҳсулоти тавлидкардаи ин ширкат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содирот мешавад. Ин намояндаи ширкати Узбекистонӣ низ хабар дод, ки 9 март бояд бо ҷониби Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо қарордоде имзо шавад.