Пешвози Шералӣ Ҷӯраев дар даромадгоҳи Кохи Борбад

Дар даромадгоҳи Кохи Борбад яке аз овозхонҳои маъруфи Узбакистон Шералӣ Ҷӯраевро мақомоти баландпояи тоҷик, аз ҷумла, Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радио, Асадулло Раҳмонов ва Абдуҷаббор Раҳмонзода - ёварони президенти Тоҷикистон шодбош гуфтанд

Ҳунармандони узбакистониро аз меҳмонхона савори автобусҳои махсус ба толори Кохи Борбад интиқол доданд

Атрофи Кохи Борбадро бо парчамҳои Тоҷикистону Узбакистон оро медиҳанд

Акси президентони Тоҷикистону Узбакистон ҳам дар наздикиҳои Кохи Борбад аз мулоқоти рӯзи 9 марти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дарак медиҳад

"Шоми дӯстӣ" - рамзи равобити таърихан ташаккулёфтаи халқҳои тоҷику ӯзбек аст (тарҷумаи навиштаҷот ба забони узбакӣ)

Субҳи 8 март дар Кохи Борбади Душанбе мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳунармандони саршиноси Узбакистонро пешвоз гирифтанд. Яке аз онҳо Шералӣ Ҷӯраев, овозхони собиқадор ва маъруф аст.