Аввалин зане, ки фаранҷиашро партофт, кӣ буд? Нахустин милисаи зан чӣ? ВИДЕО

Аввалин бор дар Душанбе рӯзи 7-уми марти имсол осорхонаи “Бонувони барҷастаи Тоҷикистон” дари худро ба рӯи сокинон боз кард. Осорхонаи нав дар бинои музейи мардумшиносии пойтахт ҷойгир буда, ба нақши занони тоҷик дар таърих, саҳми онҳо дар маорифу фарҳанг, пешрафти иҷтимоиву сиёсии қарнҳои 17 - 20 бахшида шудааст.

Ҳадафи Рустамова чӣ буд?

Барои ман ҳар зане, ки ҳунар дорад, қаҳрамон аст. Модарони мо қаҳрамонанд. Дар бораи заноне намегӯям, ки дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор мекунанд.
Парвона Аҳрорӣ

Аксари маводи ин осорхонаро як фаъоли ҷамъиятии Тоҷикистон Муқаддара (Тамара) Рустамова гирдоварӣ кардааст. Ин зан дар замони зинда буданд аз ҳисоби маошу нафақааш дар бораи занони тоҷик, шахсиятҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, омӯзгорону фаъолони дигари ҷомеа аксу мавод ва иттилоъ ҷамъоварӣ кардааст.

Ҳадафи Рустамова дар оғоз ин будааст, ки дар гӯшаи як осорхонае дар Душанбе намоишгоҳи таърихи бонувони тоҷикро баргузор кунад, вале дар охир ба чунин хулосае омадааст, ки ин намоишгоҳ бояд сайёр бошад ва имкони намоиши он дар гӯшаҳои мухталифи кишвар ба даст ояд. Ҳар як маводи овардашуда дар инҷо паёме дорад – аз таърихи зиндагӣ дар даврони аморати Бухоро, талош барои дастёбӣ ба баробарҳуқуқӣ, оташ задани фаранҷӣ ва то кор дар мактабу муассисаҳои тиббӣ, дар сохторҳои ҳизбӣ ва ғайра.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аввалин зани тоҷик, ки фаранҷиашро кашид, кӣ буд? Нахустин милисаи зан чӣ?

Аз мактаби Хадича Раҳимова то...

Дар ин осорхона тамошобин саргузашти Хадича Раҳимова, занеро меомӯзад, ки баробар бо ҳамсараш савод дошту ба деҳаи Кӯктош барои дарс додан фиристода шуд. Мактаби Раҳимова дар тарбияву саводомӯзии занони зиёди маҳаллӣ мусоидат кардааст.

Муқаддара Рустамова

Чойнике дар намоишгоҳ таърихчаи худро дорад. Он ба муаллимаи аввалини Помир Мараматнисо Мамадамирова хидмат кардааст. Дар миёни симоҳое, ки дар сафи аввали мубориза бо фаранҷипӯшии занон буданд, намоишгоҳ саргузашти Мастура Авезоваро пешниҳод мекунад. Ин зан соли 1926 дар яке аз аввалин мактабҳои маҳви бесаводии Тоҷикистони Шӯравӣ дарс медод. Худи ӯ баъди хатми техникуми пиллапарварӣ ба ҳайси як зани фаъол дар ташкили комбинати шоҳибофии собиқ вилояти Ленинобод саҳм гузоштааст.

Патӣ Азизова - аввалин милисаи зан дар Тоҷикистон

Бахши аксҳои осорхона дар бораи роҳҳои маҳви бесаводӣ дар миёни бонувон дар оғози асри 20 нақл мекунад. Зебӣ Мақобилова – яке аз ин қаҳрамонҳост, ки дар 14-солагӣ раҳбарии ду синфи иборат аз 98 шогирдро бар ӯҳда доштааст.

Лаҳзаҳои ифтитоҳи осорхонаи "Бонувони барҷастаи Тоҷикистон"

Ӯғулой Шамсутдинова, аввалин комиссари халқӣ ё вазири беҳдошти Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Ин зан, инчунин, дар мақоми ректори нахустини Донишгоҳи тиббии Хуҷанд кор кардааст. Ҳамро Алиева дар сохтмони канали Фарғона ширкат кардааст ва инчунин яке аз аввалин бонувонест, ки бо орденҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.

Патӣ Азизова – аввалин милисаи зан, Иқбол Нормуродова – аввалин дӯзанда дар фабрикаи дӯзандагӣ буданд.

Дар намунаи симоҳои зиёди ин осорхона таърихи ташаккули Тоҷикистони Шӯравӣ, муборизаи занон дар Ҷанги дувуми ҷаҳон, кори аввалин табибони касбӣ дар деҳаҳои дурдаст ва ҷузъиёти дигарро мешавад мушоҳида кард. Муассиси осорхона Элеонора Қосимова, шоира ва журналист, мегӯяд, давоми солҳои зиёд бо васияти Муқаддара Рустамова маводи осорхонаро дар муҳити хурди манзили худ ба намоиш мегузошт ва ҳоло шод аст, ки тавонистааст ниҳоят ин ҳама маводро ба тамошои мардум гузорад.

"Барои ман ҳамаи модарон қаҳрамонанд"

Парвона Аҳрорӣ

Вале бархе мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки бонувони қаҳрамони тоҷикро набояд танҳо аз саҳифаҳои дури таърих ҷустуҷӯ кард: дар ҳаёти ҳамарӯза ҳам бонувони сарбаланду номдорро мешавад пайдо намуд. Аз ҷумла, журналист Парвона Аҳрорӣ мегӯяд, “барои ман ҳар зане, ки ҳунар дорад, қаҳрамон аст. Модарони мо қаҳрамонанд. Дар бораи заноне намегӯям, ки дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор мекунанд. Аз касе ном бурдан намехоҳам, вале мегӯям, пешво барои ман – модари ман, модари Шумо аст. Агар зане дар тиҷорату соҳибкорӣ ва дар хона муваффақ аст, барояш эҳтиром қоил ҳастам."

Дар ҳоле ки Парвона Аҳрорӣ нахост мушаххасан аз касе ном барад, Фирӯза Носирова, як фаъоли дигари ҷамъиятӣ, гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба нақш ва заҳмати занони тоҷик мешавад ҳар яки онҳоро қаҳрамон номид: «Шарипова Гулчеҳра Холбобоевна занест, ки генерал шудааст. Ин зан аз ӯҳдаи мушкилтарин корҳо баромадааст. Раҳбарии боғи Лучобро ба ӯҳда дошт. Ҳоло дар хона бо эҷоди шеър машғул аст.”

Вале ба андешаи донишманди маъруф Мунира Шаҳидӣ, мавқеи зан дар ҷомеа ба фарҳангу маданият бастагии сахт дорад.

Ӯ гуфт, “агар рӯшанфикриву маданият ва покизагӣ мавриди эҳтиром ва арҷгузорӣ бошад, мавқеъ ва хости зан ҳам эҳтиром мешавад. Дар ҷомеаи мо заноне ҳастанд, ки ба мартабаҳои баланд расиданд, мисли пизишк ва як фаъоли ҷамъиятӣ Фирӯза Абдуллоева, Дилбар Шарипова аз созмони ҳуқуқи атфоли маъюб ваё журналисти шинохта Шаҳло Акобирова. Ин феҳрист метавонад беохир бошад. Чунин занҳо зиёданд, ки ҳамарӯза барои пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд ва онҳо бояд қадрдонӣ шаванд”.

Ҳар хоҳишманд метавонад бо кори осорхонаи бонувони барҷастаи Тоҷикистон шинос шавад.