Марзи Тоҷикистону Узбакистон дар байни Шаҳритусу Сурхондарё боз шуд

Сокинони Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 7 март шоҳиди боз шудани гузаргоҳи 10-уми марзӣ дар сарҳади вилоятҳои Хатлону Сурхондарё шуданд. Баъди таваққуфи шашсола гузаргоҳи автомобилгарди марзии байни ду кишвар боз шуд.