Ду медали гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Аврупо дар Туркия

Ғаниҷон Ғаниев ва Эмомризо Қурбонов, варзишгарони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола (Cadet European Judo Cup Antalya 2018), ки рӯзҳои 3-4-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғаниҷон Ғаниев дар рақобатҳо дар вазни зери 73 килограмм баъди се пирӯзӣ бар Гиорги Родоная (Гурҷистон), Карл Бҷорклунд (Шведсия) ва Сеймур Султонлӣ (Озарбойҷон) ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз Ботирхон Сакенов (Қазоқистон) мағлуб шуд. Ғаниев барои ҷойи севум бар Абилай Утэов (Қазоқистон) ғолиб омада, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Эмомризо Қурбонов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 90 килограмм дар даври аввал озод буд. Дар даври дувум Орхан Муродзодаи озарбойҷониро шикаст дод. Вале дар даври баъдӣ аз Борислав Владов (Булғористон) мағлуб гашт. Қурбонов дар даври тасаллобахш бар ду гуштигири туркиягӣ - Ҳалит Доган ва Салоҳиддин Демр - дастболо гардид. Ӯ пас аз пирӯзӣ бар Фотеҳ Асад (Туркия) мақоми севумро касб намуда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба ҷуз Ғаниҷон Ғаниев ва Эмомризо Қурбонов, боз шаш варзишгар дохил буд. Саидашраф Лоиқов дар вазни зери 60 килограмм ҷойи 9-умро гирифт. Панҷ нафари дигар – Муҳаммад Худоиев (60 кг), Абдуллоҳ Неъматов (66 кг), Фаридун Холиқов (81 кг), Аюбҷон Мирзоев (81 кг) ва Давлатҷон Назриев (+90 кг) - дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон (кадетҳо) дар Туркия 365 варзишгар (223 писар ва 142 духтар) аз 23 кишвар иштирок дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Туркия бо касби 25 медал (7 тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 14 медал (5-2-7) ҷойи дувум ва мунтахаби Озарбойҷон бо касби 5 медал (1-3-1) ҷойи севумро гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ ҷойи 14-умро соҳиб шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқот:

Наврасон

50 кг
1. ДЕМИРЕЛ Муҳаммад (Туркия)
2. ҚАРАХОН Эмирхон (Туркия)
3. АМОНКОССОВ Нурдавлат (Қазоқистон)
3. БАҲОДУР Берат (Туркия)

55 кг
1. ДАВЛАТОВ Шерзод (Қазоқистон)
2. СУПЕРВИЕЛЛЕ Габин (Фаронса)
3. РАҲМАТ Маҳамбет (Қазоқистон)
3. ТОКТАЙ Ҳайдар (Туркия)

60 кг
1. ШАМШАЙЕВ Дониёр (Қазоқистон)
2. ПРУДИУС Иван (Украина)
3. УЙСАЛ Энес (Туркия)
3. ЮЛДУЗ Солеҳ (Туркия)

66 кг
1. ДЕМИРЕЛ Умалт (Туркия)
2. ТУСАЕВ Абдулкарим (Русия)
3. КАРАНАДЗЕ Лука (Гурҷистон)
3. НАЗАРОВ Ҷайҳунбек (Узбакистон)

73 кг
1. ЁНГ Кеаган (Канада)
2. САКЕНОВ Ботирхон (Қазоқистон)
3. ҒАНИЕВ Ғаниҷон (Тоҷикистон)
3. ЗОИДЗЕ Ника (Гурҷистон)

81 кг
1. БОЙҒОЗӢ Аян (Қазоқистон)
2. ОҒОКИШИЕВ Иброҳим (Озарбойҷон)
3. КУҲАДАР Аҳмад (Туркия)
3. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Гиорги (Гурҷистон)

90 кг
1. САДУАКАС БЕКАРИС (Қазоқистон)
2. ИСМОИЛЗОДА Яъқуб (Озарбойҷон)
3. КУАНДЯКОВ Адам (Қазоқистон)
3. ҚУРБОНОВ Эмомризо (Тоҷикистон)

+90 кг
1. ОЙДИН Умар (Туркия)
2. САЛМАНОВ Туғрал (Озарбойҷон)
3. РЕВАЗИШВИЛИ Гиорги (Гурҷистон)
3. ЙЕСТАЙ Йермухан (Қазоқистон)

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли гузашта дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасони зери 18-сола дар шаҳри Анталияи Туркия соҳиби як медали нуқра гардида буд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳо дар вазни зери 81 килограмм баъди се пирӯзӣ бар Амонтур Зумалӣ Уулу (Қирғизистон), Избассар Ералиев (Қазоқистон) ва Иван Юрескул (Украина) ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Мерт Сисманлар (Туркия) мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.