Генерал Олматов дубора ба Вазорати корҳои дохилӣ баргашт

Зокир Олматов (нафари байн)

Вазири собиқи умури дохилии Узбекистон генерал-полковники 68-сола Зокир Олматов барои кор дубора ба ин ниҳод баргашт. Пӯлод Бобоҷонов, вазири умури дохилии Узбекистон, дар ҷаласаи рӯзи 27-уми феврал эълон кард, ки Олматов ба мақоми мушовири вазир таъйин шудааст.

  • Як мақоми наздик ба Зокир Олматов низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ масъули мубориза бо коррупсия дар ниҳодҳои қудратӣ таъйин гардид.
Олматов баъд аз чанд моҳи ҳодисаҳои Андиҷон ба истеъфо фиристода шуд.

Бар асоси як навори садоӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Олматов барои бозгашт ба кор дар Вазорати корҳои дохилӣ ба Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ва, ҳамчунин, вазир Пӯлод Бобоҷонов изҳори сипос кардааст.

“Ҳамаи мо тарафдори он ҳастем, ки кормандони умури дохилӣ аз самими қалб вазифаашонро иҷро кунанд. Вазифае, ки аз тарафи президент ва вазири умури дохилӣ дар наздашон гузошта шудааст. Онҳо дар назди мардум бояд аз обрӯ бархӯрдор бошанд. Дар инҷо чанде аз ҳамкорони собиқамро мебинам, ки бениҳоят шод ҳастам”, - мегӯяд Олматов.

Зокир Олматов аз соли 1991 то 2005, замони ҳодисаҳои хунини Андиҷон, вазири умури дохилии Узбекистон буд. Ӯро яке аз афроди наздик ба президенти нахустини он кишвар Ислом Каримов низ мегуфтанд.

14-уми майи соли 2005, Андиҷон

Баъд аз чанд моҳи ҳодисаҳои Андиҷон, Олматов ба истеъфо фиристода шуд. Дар ниҳоде, ки чаҳордаҳ сол зери итоати ӯ қарор дошт, тағйироти сохторӣ сурат гирифт. Баъзе аз бахшҳову вазифаҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ ба ихтиёри Хадамоти амнияти миллӣ ё ба истилоҳи маъруф СНБ гузашт, ки он вақт таҳти раҳбарии Рустам Иноятов буд.

Ба қавли шоҳидон, баъд аз истеъфои Зокир Олматов, дар сатҳи роҳбарӣ ва мақомҳои дигари Вазорати умури дохилии Узбекистон низ бештар кадрҳои Хадамоти амнияти млилӣ ҷой гирифтанд. Аммо баъди истеъфои Рустам Иноятов дар моҳи январи соли 2018 айни чунин тағйироти сохторӣ дар Хадамоти амнияти миллӣ сурат гирифт. Он бахшҳои муҳиме, ки дар солҳои 2005-2007 аз ихтиёри Вазорати умури дохилӣ ба итоати Хадамоти амнияти миллӣ гузашта буд, дубора ба ин ниҳод дода шуд.

Баъди ҳодисаҳои хунини Андиҷон Иттиҳоди Аврупо алайҳи ҳукумати Узбекистон таҳрим ҷорӣ кард. Аз ҷумла, вуруди 12 мақоми баландпояи Узбекистон ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо мамнӯъ шуд. Зокир Олматов дар ин феҳрист дар ҷои аввал буд.

Бо вуҷуди он, дар охири соли 2005 ба Олматов иҷоза шуд, ки дар Олмон ҷарроҳӣ шавад. Он вақт созмонҳои байналмиалии ҳомии ҳуқуқи инсон аз чунин қарори мақомҳои Олмон интиқод карданд. Баъдан ин хабар ҳам расонаӣ шуд, ки гӯё Зокир Олматов дар шифохонаи Карлови Варии Ҷумҳурии Чех низ табобат гирифтааст.

Бино ба баъзе гузоришҳо, баъди рафтан аз мақоми вазири корҳои дохилӣ Зокир Олматов чанд муддат дар ҳабси хонагӣ дар Тошканд будааст. Танҳо баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 ӯро дар иҳотаи мансабдорони наздик ба раиси ҷумҳури нав дидаанд. Инчунин, сарусадое дар чархиш буд, ки гӯё ӯ ба ҳайси мушовири раиси ҷумҳури Узбекистон дар умури ниҳодҳои қудратӣ кор мекунад. Аммо ин хабар тасдиқи расмӣ наёфт.