Дар водии Ҳисор кӯдакон дар остонаи баҳор ба чидану фурӯхтани гули сиёҳгӯш шурӯъ кардаанд. Бар асоси қонун чидани ин гули зебо манъ аст ва кӯдакон ҳам ҳақ надоранд, дар сари роҳи калон ба фурӯши гул машғул шаванд. Аммо бисёриҳо ин гулро муждаи баҳору Наврӯз номида, кори ноболиғонро нодида мегиранд.
Гули сияҳгӯш дар доманакӯҳҳои Ҳисор паём аз баҳори зудрас медиҳад. Аз он, ки зимистони имсол чандон сарду тӯлонӣ набуд, гули сияҳгӯш чанд рӯз қаблтар аз солҳои гузашта сар аз замини нарм берун кардааст.
Кӯдакон ин лаҳзаро тӯли сол мунтазиранд. Дақиқ медонанд, ки қабл аз ҳама дар кадом талу пуштаҳо гули сияҳгӯш сар мекашад. Зеро таҷрибаи солҳои гузаштаашон ба кор меравад. Бо он, ки кӯдакони водии Ҳисор бо чидани гулҳои сияҳгӯш ба мардум паёми баҳори зудрасро медиҳанд, ҳамчунин як манбаи даромад барои онҳо мебошад.
Рӯзи ин кӯдакон аз чидани гули сияҳгӯш аз талу теппаҳои хеле дур аз маҳалли зисти сокинон шурӯъ мешавад. Тай кардани он роҳи тӯлонӣ ва ҷамъоварии гул чандон кори саҳлу осон ҳам нест. Ва аммо чун ин заҳматашон паёмрасон асту харидор ҳам дорад, заҳмати гулчиниро таҳаммул мекунанд.
Ва дар ниҳоят, ҳар як гули ҷамъовардаро бо коғаз бандча ва аз се дона гул, як гулдаста месозанд. Як гулдастаи седонагиро аз 3 то 5 сомонӣ ба мардуми раҳгузар мефурӯшанд. Аммо барои як даста гулро фурӯхтан соатҳо дар ҳавои сард дар канори роҳ мунтазир мемонанд, то паёми баҳорро ба мардум расонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад