Комроншоҳ дар “Тоскӯлоҳи бузург” дар Олмон панҷум шуд

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (Grand Slam Duesseldorf 2018), ки рӯзҳои 23-25-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Ӯ дар рӯзи охирини мусобиқот – 25-уми феврал - дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Юрий Мокану (Молдова) ғолиб омад. Баъдан Ҷеспер Сминки ҳолландӣ ва Дмитрий Довгани русиягиро мағлуб намуда, ба нимфинал баромад. Вале Устопириён дар даври ниманиҳоӣ аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро Машу Бакер аз Ҷопон шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи севум ба ғолиби Гран-прии Анталия дар соли 2017 Алтанбагана Гантулга (Муғулистон) бохт. Ҳамин тариқ, Устопириён мақоми панҷумро азони худ кард.

“Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорфи Олмон барои варзишгарони тоҷик дувумин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор мерафт.

Дар қувваозмоии дигари ниманиҳоӣ дар вазни зери 90 кило Николоз Шеразадишвили (Испания) бар Николас Мунгал (Италия) ғолиб шуд. Михаил Иголников (Русия) дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Машу Бакер (Ҷопон) пирӯз гашт.

Рӯзи якшанбе паҳлавони дигари тоҷик Темур Раҳимов, ки мувофиқи қуръакашӣ дар даври аввал дар вазни зери 100 кило озод буд, дар даври дувум аз Бенҷамин Флетчер (Ирландия), ғолиби Гран-прии соли 2018 дар Тунис, шикаст хӯрд. Флетчер, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Варлам Липартелиани (Гурҷистон) мағлуб шуд, медали нуқра ба даст овард.

Чунонки вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти байналмилалии “Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорфи Олмон 440 варзишгар (270 марду 170 зан) аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дохил буд: Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов. Чаҳор гуштигири тоҷик 24-уми феврал дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило дар аввалин қувваозмоияш Шамил Дзавбатировро аз Олмон мағлуб кард. Баъдан ӯ бар Марсел Серкеа аз Руминия ғолиб шуд. Вале Хоҷазода дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба ҷоизадори нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2017 Рустам Оруҷов аз Озарбойҷон бохт ва аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Дар ин вазн, инчунин гуштигири дигари тоҷик Асадулло Тоҳиров дар нахустин даври мусобиқот аз қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон дар солҳои 2013 ва 2015 Шоҳей Оно (Ҷопон) шикаст хӯрд. Зимнан, гуштигири пуртаҷрибаву номдори ҷопонӣ ғолиби мусобиқот дар вазни зери 73 кило гардид.

Варзишгари ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов аввалин қувваозмоияшро дар вазни зери 81 кило ба Алфа Умар Ҷало (Фаронса), ки баъдан барандаи медали нуқраи ин мусобиқот шуд, бохт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Кароматулло Ҳакимов дар вазни зери 81 кило дар даври аввал бар Калонҷӣ Мбуйӣ (Конго) пирӯзӣ ба даст овард, вале баъдан аз Аслан Лаппинагови русиягӣ, ки медали биринҷии ин мусобиқотро соҳиб гашт, шикаст хӯрд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ миёни мардону занон мунтахаби Ҷопон бо 7 медали тилло ва 2 нуқра ғолиб шуд. Русия бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ мақоми дувум ва Украина бо 1 медали тилло ва 1 нуқра мақоми севумро касб намуданд. Тоҷикистон бо як мақоми панҷуми Комроншоҳи Устопириён дар байни 65 кишвар мақоми 30-юмро ишғол кард.

Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали имсол барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор кард. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор шуд.

Мусобиқот дар толори нави бузургтарини варзишӣ– ISS Dome, ки дорои 15 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошогарон аст ва дар онҷо бозиҳои лигаи ҳоккей барпо мегарданд, ҷараён дошт. Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф баъди «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо маҳсуб мешуд.

“Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорфи Олмон барои варзишгарони тоҷик дувумин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор мерафт.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқот:

Мардон

60 кг
1. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
3. ТАКАБАТАКЕ Эрик (Бразилия)

66 кг
1. ТАГАВА Кензо (Ҷопон)
2. ЗАНТАРАЯ Георгия (Украина)
3. БАТТОГТОХ Ерхембайер (Муғулистон)
3. ШМАИЛОВ Баруч (Исроил)

73 кг
1. ОНО Шоҳей (Ҷопон)
2. ОРУҶЕВ Рустам (Озарбойҷон)
3. БУТБУЛ Тохар (Исроил)
3. КАРАПЕТЯН Фердинанд (Арманистон)

81 кг
1. МОЛЛАЙӢ Сайид (Эрон)
2. ҶАЛО Алфа Умар (Фаронса)
3. ЛАППИНАГОВ Аслан (Русия)
3. РЕССЕЛ Доминик (Олмон)

90 кг
1. ИГОЛНИКОВ Михаил (Русия)
2. БАКЕР Машу (Ҷопон)
3. ГАНТУЛГА Алтанбагана (Муғулистон)
3. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)

100 кг
1. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
2. ФЛЕТЧЕР Бенҷамин (Ирландия)
3. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
3. ФОНСЕКА Ҷорҷ (Португалия)

+100 кг
1. -
2. -
2. ОҶИТАНИ Такеши (Ҷопон)
3. ТОКТОГОНОВ Бекболот (Қазоқистон)
3. ВОЛКОВ Андрей (Русия)

Занон

48 кг
1. БИЛОДИД Даря (Украина)
2. КСЕРНОВИКЗКИ Ева (Венгрия)
3. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)
3. НИКОЛИЧ Милика (Сербия)

52 кг
1. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)
2. ПИЕНКОВСКА Каролина (Полша)
3. ЛОПЕЗ ШЕРИФФ Эстрелла (Испания)
3. ВАН СНИК Чарлин (Белгия)

57 кг
1. СМИТ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)
2. КАРАКАС Хедвиг (Венгрия)
3. ЛХАГВАТОГОО Енхриилен (Муғулистон)
3. КИСИКУЕ Сара Леони (Фаронса)

63 кг
1. ЛЕСКИ Андрея (Словения)
2. ТСУГАНЕ Мегуми (Ҷопон)
3. БОЛД Ганхаич (Муғулистон)
3. ВАТАНАБЕ Кийоми (Филиппин)

70 кг
1. ОНО Йоко (Ҷопон)
2. МАТИЧ Барбара (Хорватия)
3. ДИЕДРИЧ Сзаундра (Олмон)
3. ВАН ДИЙКЕ Санне (Ҳолланд)

78 кг
1. САТО Руика (Ҷопон)
2. АГУИАР Майра (Бразилия)
3. АПОТЕКАР Клара (Словения)
3. ПОВЕЛЛ Натали (Британияи Кабир)

+78 кг
1. АСАХИНА Сара (Ҷопон)
2. ЧЕИХ РОУХОУ Нихел (Тунис)
3. КИМ Хаюн (Ҷумҳурии Корея)
3. КИНДЗЕРСКА Ирина (Озарбойҷон)