Комроншоҳи Устопириён дар "Тоскулоҳи бузург" ба нимфинал баромад
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (Grand Slam Duesseldorf 2018), дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Комроншоҳи Устопириён, ки тибқи қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Юрий Мокану (Молдова) пирӯз шуд. Баъдан ӯ бар Ҷеспер Сминки ҳолландӣ ва Дмитрий Довгани русиягӣ ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Устопириён дар даври ниманиҳоӣ имшаб бо қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро Машу Бакер аз Ҷопон рақобат мекунад.
Қувваозмоии дигари ниманиҳоӣ дар вазни зери 90 кило миёни Николоз Шеразадишвили (Испания) ва Михаил Иголников (Русия) баргузор мешавад.
Рӯзи якшанбе боз як паҳлавони ҷавони тоҷик - Темур Раҳимов - ба рақобат пардохт. Ӯ мувофиқи қуръакашӣ дар даври аввал дар вазни зери 100 кило озод буд. Раҳимов дар даври дувум аз Бенҷамин Флетчер (Ирландия), ки имсол дар Гран-при дар Тунис мақоми аввал ва соли гузашта дар мусобиқоти бози Осиё дар Ҳонгконг ғолиб шудааст, шикаст хӯрд.
Чунонки вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти байналмилалии “Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорфи Олмон 440 варзишгар (270 марду 170 зан) аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат дорад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - дохиланд.
Ёдовар мешавем, чаҳор паҳлавони тоҷик 24-уми феврал дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург”дар Дюсселдорф дар вазни зери 73 кило дар аввалин қувваозмоияш Шамил Дзавбатировро аз Олмон мағлуб кард. Баъдан ӯ бар Марсел Серкеа аз Руминия ғолиб шуд. Вале Хоҷазода дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба ҷоизадори нуқраи Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (2016), барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2017) Рустам Оруҷов аз Озарбойҷон бохт ва аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.
Дар ин вазн, инчунин гуштигири дигари тоҷик Асадулло Тоҳиров дар нахустин даври мусобиқот аз қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (2016), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон (2013 ва 2015) Шоҳей Оно (Ҷопон) шикаст хӯрд. Зимнан, гуштигири пуртаҷрибаву номдори ҷопонӣ ғолиби ин мусобиқот гардид.
Варзишгари ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов аввалин қувваозмоияшро дар вазни зери 81 кило ба Алфа Умар Ҷало (Фаронса), ки баъдан барандаи медали нуқраи ин мусобиқот гардид, бохт. Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин вазн -Кароматулло Ҳакимов - дар даври аввал бар Калонҷӣ Мбуйӣ (Конго) пирӯзӣ ба даст овард, вале баъдан аз Аслан Лаппинагови русиягӣ, ки барандаи медали биринҷии ин мусобиқот гардид, мағлуб шуд.
Дар рӯзи аввали мусобиқот - 23-юми феврал - ғолибон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – миёни занон ва дар ду вазн – 60 ва 66 кг – байни мардон маълум гардиданд. Шаби шанбеи 24-уми феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон муайян шуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони ду рӯзи аввали мусобиқот:
Мардон
60 кг
1. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
3. ТАКАБАТАКЕ Эрик (Бразилия)
66 кг
1. ТАГАВА Кензо (Ҷопон)
2. ЗАНТАРАЯ Георгия (Украина)
3. БАТТОГТОХ Ерхембайер (Муғулистон)
3. ШМАИЛОВ Баруч (Исроил)
73 кг
1. ОНО Шоҳей (Ҷопон)
2. ОРУҶЕВ Рустам (Озарбойҷон)
3. БУТБУЛ Тохар (Исроил)
3. КАРАПЕТЯН Фердинанд (Арманистон)
81 кг
1. МОЛЛАЙӢ Сайид (Эрон)
2. ҶАЛО Алфа Умар (Фаронса)
3. ЛАППИНАГОВ Аслан (Русия)
3. РЕССЕЛ Доминик (Олмон)
Занон
48 кг
1. БИЛОДИД Даря (Украина)
2. КСЕРНОВИКЗКИ Ева (Венгрия)
3. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)
3. НИКОЛИЧ Милика (Сербия)
52 кг
1. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)
2. ПИЕНКОВСКА Каролина (Полша)
3. ЛОПЕЗ ШЕРИФФ Эстрелла (Испания)
3. ВАН СНИК Чарлин (Белгия)
57 кг
1. СМИТ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)
2. КАРАКАС Хедвиг (Венгрия)
3. ЛХАГВАТОГОО Енхриилен (Муғулистон)
3. КИСИКУЕ Сара Леони (Фаронса)
63 кг
1. ЛЕСКИ Андрея (Словения)
2. ТСУГАНЕ Мегуми (Ҷопон)
3. БОЛД Ганхаич (Муғулистон)
3. ВАТАНАБЕ Кийоми (Филиппин)
70 кг
1. ОНО Йоко (Ҷопон)
2. МАТИЧ Барбара (Хорватия)
3. ДИЕДРИЧ Сзаундра (Олмон)
3. ВАН ДИЙКЕ Санне (Ҳолланд)
Мусобиқот шаби якшанбе бо қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.
Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали имсол барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор кард. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор шуд.
Мусобиқот дар толори нави бузургтарини варзишӣ– ISS Dome, ки дорои 15 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошогарон аст ва дар онҷо бозиҳои лигаи ҳоккей барпо мегарданд, ҷараён дорад. Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф баъди «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо маҳсуб мешавад.
“Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорфи Олмон барои варзишгарони тоҷик дувумин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Аврупо миёни мардон (European Judo Open Men), ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оберварти Австрия баргузор шуд, бе медал монданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се паҳлавони ҷавон –Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Темур Раҳимов (-100 кг) - намояндагӣ карда, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.