Оҷонси хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон рафтори Шокир Холдоров, масъули бахши дин ва танзими расму оинҳо дар ноҳияи Рӯдакиро баррасӣ ва ӯро бар асоси Кодекси одоби хидмати давлатӣ “муҷозот кардааст”.
Вақте берун шудем, асабӣ карданд. Мисли инки махсус ташкил шуда буд. Рагҳои асабам хест, суп-сурх шудам ва ҳарфҳои дағал ба забонам омад.
Ин Оҷонсӣ ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод намудааст, то ӯро аз мақом сабукдӯш кунанд. Як манбаъ дар Оҷонси хидмати давлатӣ рӯзи 23-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Холдоров Кодекси одоби хидматчии давлатиро “дағалона вайрон кард”.
Як навор бо ҳузури Шокир Холдоров моҳи октябри соли гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳсбарангез шуд. Вай дар ин навор бархе аз намозгузорони масҷиди деҳаи Меҳрободи ҷамояти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро ҳақорат медод. Холдоров иддао дошт, ки ин масҷиди деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунӣ ҳаст ва сокинон бо вуҷуди манъ будан дар он намоз мегузоранд.
Рӯзи 24-уми феврал дар ҷамоати Чоряккорон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шокир Холдоров дар як ҷаласаи расмӣ муҳокима шуда, танбеҳ гирифтааст, ки чунин рафторашро такрор накунад. “Худи ӯ ҳам изҳори пушаймонӣ кард ва огоҳиро қабул намуд. Ҳоло Холдоров ба кораш идома медиҳад ва дар сурати такрори чунин кор эҳтимоли сабукдӯш шуданаш аст”, - афзуд мусоҳиби мо дар ҷамоати Чоряккорон.
- Ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, масҷиди Меҳробод ба далели ғайриқонунӣ будан баста шуда, ҳоло бинои он ба тӯйхона табдил гардидааст.
Худи Шокир Холдоров низ охири моҳи октябри соли гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз дағалгуфториаш дар саҳни масҷиди Меҳробод ба шиддат изҳори таассуф карда, барои ҳарфҳои дағалонааш бахшиш пурсид. Вай гуфт, “дар дохили хонаи Худо ягон ҳарфе назадам. Вақте берун шудем, асабӣ карданд. Мисли инки махсус ташкил шуда буд. Рагҳои асабам хест, суп-сурх шудам ва ҳарфҳои дағал ба забонам омад. Албатта, бахшиш мепурсам. Воқеан, барои чанд ҳарфи дағалонае, ки дар саҳни масҷид гуфтам, узр мепурсам.”
Холдоров он замон бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима пардохт намуда буд.
"Шарҳ"-и Шокир Холдоров. Видео аз бойгонии Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масҷиди деҳаи Меҳробод панҷвақта буд ва ба қавли муовини раиси маҳаллаи ин деҳа Абдухолиқ Латифов, дар соли 2013 ба нерӯи мардум сохта шудааст. Муовини раиси маҳалла мегӯяд, ин масҷид сертификат ва иҷозатномаи ҳукумати ноҳия ваҷамоати Чоряккоронро дорад. Мардуми деҳаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорон дар соли 2004 аз маҳаллаи Қиблаӣ ба инҷо кӯч дода шудаанд.
Дар Тоҷикистон фаъолияти беш аз 4 ҳазор муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо иҷозат дода шуда, ҳамаи ин муассисаҳо танҳо бо санадҳои расмӣ ҳаққи фаъолиятро доранд.
Видео. Баҳс аз чӣ сар шуда буд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад