Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба соҳиби мағозаи “Гуфтаи мардак” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) се моҳ мӯҳлат дод, ки исми дӯконашро иваз кунад.
Ҳайронем, ки чаро мегӯянд, инро иваз кунем. Ҳар касе номи мағозаро мебинад, механдад. Ин магар бад аст?
“Гуфтаи мардак” - иборае буд, ки се соли пеш Нуруллоҳ Асламов, як вакили маҳаллӣ дар ноҳияи Шӯрообод ҳангоми сӯҳбат бо телевизиони маҳаллӣ такор ба такрор рӯи забон овард. Бо вуҷуди таъкиди хабарнигор, ки ин ибораро дар миёни ҷумлаҳояш нагӯяд, ӯ боз ҳам ҳар ҳарфашро бо “Гуфтаи мардак” давом медод. Он навори сӯҳбати хандадор ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва Нуруллоҳ Асламовро маъруф кард.
Мақомот: “Гуфтаи мардак" гапи кӯчагӣ ҳаст
Асламов дар як сӯҳбат гуфт, чанд соҳибкоре, ки навори сӯҳбаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хушашон омада буд, барояш кумак карданд, то бо номи “Гуфтаи мардак” дар деҳаи Пистамазор мағоза бунёд кунад. Аммо Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, номи ин дӯкон бояд иваз шавад, чун хилофи меъёри забони адабии тоҷикӣ ҳаст.
Ӯ гуфт, “Гуфтаи мардак гапи кӯчагӣ ҳаст ва набояд номи мағоза бошад”.
Дархости Кумитаи забон ва истилоҳот барои тағйири номи мағозаи “Гуфтаи мардак” ба ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ирсол шудааст. Нуриддин Асламов, писари Нуруллоҳ Асламов, рӯзи 22-юми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чандон барои иваз кардани номи мағоза майл надоранд, чун муштариёнро маҳз номи мағоза ба дӯкон онҳо ҷалб мекунад.
"Ин магар бад аст?"
Ӯ гуфт, агар Кумитаи забон пойфишорӣ кунад, ки ин кӯчагӣ ҳаст ва бояд иваз шавад, онҳо номи мағозаро адабӣ ва ба “Гуфт, мардак” иваз мекунанд. “Номи мағозаи мо ягон бадӣ надорад. Ҳайронем, ки чаро мегӯянд, инро иваз кунем. Ҳар касе номи мағозаро мебинад, механдад. Ин магар бад аст?” -гуфт Нуриддин.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷараёни таҳияи як гузориши телевизионӣ аз деҳаи селзадаи Пистамазори ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо ҳузури Нуруллоҳ Асламов, вакили собиқи ин минтақа, дар се соли пеш дар Интернет баҳси гармеро барпо кард. Дар ин навор, ки дар шабакаи Ютуб даҳҳо ҳазор нафар онро дида ва зераш шарҳ навиштаанд, Нуруллоҳ Асламов талош дорад, аз мушкили ҳамдеҳагонаш ва оқибатҳои сел ҳарф занад, вале дар ҳар ҷумлааш ибораи "гуфтаи мардак"-ро истифода мебарад.
Иборае, ки Асламовро маъруф кард
Ин суҳбати Нуруллоҳ Асламов ба экрани телевизионҳо роҳ наёфт, аммо шакли хоми навор дар Интернет гузошта шуд. Дар навор хабарнигорони шабакаи телевизионӣ гаштаву баргашта ба Асламов таъкид мекунанд, ки ибораи “гуфтаи мардак”-ро истифода набарад ва ҳам роҳнамоӣ мекунанд, бояд дар рӯ ба рӯи дурбин дар бораи селу паёмадҳояш чӣ бигӯяд.
Баъдан наворро чандин вебсайтҳои тоҷикӣ бознашр карданд. Бархе аз корбарон дар ин маврид аз таҳиягарони гузориш интиқод карда буданд, ки ба намояндаи мардум фурсат надодаанд, то назари худро бигӯяд ва баръакс ба ӯ роҳ нишон додаанд, ки дар рӯ ба рӯи дурбини телевизион чӣ бигӯяд ва чӣ нагӯяд.
Бо ин ҳама, Нуруллоҳ Асламов мегӯяд, ин суҳбат самти зиндагиашро тағйир дод ва сафи дӯстонро бештар кардааст. Асламов мегӯяд, ҳанӯз одамоне, ки ӯро мешиносанд, бо номи “Гуфтаи мардак” садояш мекунанд ва намегузоранд, ки ин ибора ба ин зудӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ биравад.