Тахриби "девори Ислом Каримов" дар марзи Узбекистону Тоҷикистон

Марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Охири ҳафтаи гузашта мақомоти Узбекистон девореро аз гузаргоҳи марзии "Саразм-Ҷартеппа" бардоштанд, ки вилояти Самарқанди ин кишварро бо вилояти Суғди Тоҷикистон мепайвандад.

Дар маросими барчидани девор ҳайатҳои марзбонии Узбекистону Тоҷикистон иштирок доштанд. Девори мазкур, ки баландияш 3 ва дарозияш 10 метр буд ва тоҷикистониён онро "девори Ислом Каримов" меномиданд, соли 2010 бо ташаббуси ҷониби Узбекистон бунёд шуд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, қарор аст, дар гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" терминали нав, меҳмонхона ва истодгоҳи мошинҳо бунёд карда шавад.

Ба гуфтаи сокини деҳаи "Саразм"-и ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон Осим Ҷамолов, тағйироти ахир дар гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" ба беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рабт дорад.

Рӯзноманигори тоҷик аз Панҷакент Шоҳин Равшан гуфт, интизор меравад, гузаргоҳи марзии "Саразм-Ҷартеппа" миёнаҳои моҳи оянда боз шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, дар Панҷакент ба ҷашни "Наврӯз" омодагӣ мебинанд. Қарор аст, дар маросимҳои ҷашнӣ ҳайати Узбекистон ҳам иштирок кунад.