Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ахиран яке аз афсарони зердасташро дар ҳузури хабарнигорон барои муборизаи нокофӣ бар зидди бозии ғайриқонунии "алик малик", сарзаниш кард. Вай гуфт, ин бозӣ ба як "мушкил" мубаддал шудаааст ва бархеҳо мехоҳанд бо роҳи муфт пули мардумро аз худ кунанд.
Вай хитоб ба кормандони пулис гуфт, ки касе аз онҳо ин корро мебинад ва аз он чашм мепӯшад, ба кораш хиёнат кардааст. Искандар Солеҳзода аз он норозӣ буд, ки дар Хатлон -- калонтарин вилояти Тоҷикистон дар соли гузашта фақат ду нафарро барои бозии "алик малик", ҷазо додаанд.
Ба гуфтаи мақомот, бештар мардуми русто ва наврасон фиреби бозии "алику малик"-ро мехӯранд, чун фикр мекунанд, ки ба осонӣ пул ба даст меоранд.
Ҷойҳои серодам ба мисли бозори пуриздиҳоми "Фаровон" дар Қӯрғонтеппа маҳалли асосии бозии "алик малик" аст. Маҳз дар инҷо як нафар бо табдили моҳиронаи ҷойи тӯбчае, пули раҳгузаронро аз худ мекунад.
Муродалӣ Сафарови 30-сола, яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, "дар роҳ мегузаштам, ки гуфтанд, ки биё бозӣ кун, пул ба даст меорӣ, бовар кардам. Аввал ба ман дар ивази 50 сомонӣ 100 сомонӣ доданд, вале ахиран 200 сомонӣ бохтам."
Муродалӣ, ки як муҳоҷир аст ва замистонҳо ба хона бар мегардад, мегӯяд, дар Русия низ ба онҳое, ки ба истилоҳ чунин бозӣ мекунанд, вохӯрда буд, вале дар Қӯрғонтеппа бори аввал бозӣ кард ва маблағе, ки қарор буд бо он эҳтиёҷоти хонаводаашро харидорӣ кунад, аз даст дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи мақомот, бештар мардуми русто ва наврасон фиреби бозии "алик малик"-ро мехӯранд, чун фикр мекунанд, ки ба осонӣ пул ба даст меоранд.
Бародари хурдии Сулаймон Саидов, сокини Қӯрғонтеппа аз онҳоест, ки як бор "алику малик" бозӣ карда ва аз кардааш пушаймон шудааст. Ӯро бо 500 сомонӣ ба бозор фиристодаанд, то орду равған бихарад, вале фирефтаи ин бозӣ шуд ва дар як мӯҳлати кӯтоҳ ҳамаи пулашро аз даст дод.
Бозии "алик малик" ё ба таъбири мақомот "қаллобӣ", дар ҳама шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар Қӯрғонтеппа ваъда доданд, ки имсол муборизаро бо чунин навъи "қаллобӣ" шадидтар мекунанд ва баъди шаш моҳ гузориш медиҳанд, ки чанд нафарро барои ба қавли Искандар Солеҳзода "мардумфиребӣ", дастгир кардаанд.