“Истиқлол” барои бозӣ ба Узбекистон рафт

Бозигарони тими "Истиқлол"

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи футболи Тоҷикистон, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш, ки аз 16 то 26-уми феврал дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, бо бошгоҳҳои Узбекистон панҷ бозии дӯстона анҷом хоҳад дод.

Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад.

Футболбозони тоҷик, ки шаби 15-уми феврал ба Тошканд расиданд, дар меҳмонхонаи “София” зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора вебсайти расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар Тошканд бо се дастаи Суперлига ва ду дастаи Про-лигаи футболи Узбекистон бозиҳои дӯстона мекунад.

Бозиҳои дӯстонаи «Истиқлол» дар Тошканд:

18 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қӯқанд-1912» (Қӯқанд, Узбекистон)

20 феврал (сешанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Суғдиён» (Ҷиззах, Узбекистон)

21 феврал (чоршанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Оқтеппа» (Тошканд, Узбекистон)

23 феврал (ҷумъа) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қизилқум» (Зарафшон, Узбекистон)

25 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Сурхан» (Тирмиз, Узбекистон).

Зимнан, дастаи «Истиқлол» мавсими имсоларо бомуваффақият оғоз кард. “Истиқлол”, ки 15-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, барои чорумин бор барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон) гардид.

Мусобиқоти муҳимтарини имсола барои “Истиқлол” Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) маҳсуб мешавад. Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи «D» рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ғолиби ҷуфти плей-офф миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Тоҷикистон ва “Аҳал”-и Туркманистон, ки 20-уми феврал маълум хоҳад шуд, анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми AFC-2018 се қаҳрамон – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олой» (Қирғизистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф шомиланд.

Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳалаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.